73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ифротӣ ва шикваи бесуботӣ

Раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар ҳошияи сафари ахири худ ба Лаҳистон, ки барои ширкат дар ҳамоиши «Чаро тоҷикон аз кишварашон фирор мекунанд?» иштирок карда буд, бо чанде аз рӯзноманигорон суҳбат намуда, оид ба мамнӯъ эълон шудан ва ифротӣ гардидани пайравонаш гуфтугӯи бемаврид кардааст.

Рӯзномаи “Gazeta Prawna”-и Лаҳистон зимни мусоҳибаи бо Муҳиддин Кабирӣ анҷомдодааш нахуст аз марҳилаи нави фишору таъқиб болои наҳзат пурсон мешавад. Кабирӣ бошад ҳарфро аз интихоботи порлумонии соли 2010 оғоз намуда, бо такя ба гуфтаҳои нозирони байналмилалӣ ҳизбашро дорои раъйи бештар меҳисобад, ҳарчанд ҳафт дарсади раъйро ба даст оварда, ду курсӣ дар порлумон гирифта буд. Вай мегӯяд, “Ҳукумат бо дарки ин воқеиятҳо дарк кард, ки дар симои ҲНИТ мухолифини қавие дорад ва маъракаи беобрӯсозии ҳизбро шуруъ кард”. Ин суханон дурӯғи маҳз аст. Чунки мавқеи М.Кабирӣ дар ҳодисаҳои террористии хунини чанд соли охир дар кишвар рухдода ба назар мерасад ва маҳз бо маслиҳати пешакии ӯ ва пайравони ТЭТ ҲНИТ он воқеаҳо сар зада буданд. Вале Кабирӣ даъво мекунад, ки “наздики 30 нафар аз аъзои раёсати олии ҲНИТ аз 15 то 28 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Дар маҷмуъ, мақомоти кишвар наздик ба 200 нафар аз фаъолони ҳизби моро зиндонӣ карданд”. Бегуфтугӯ сарчашмаи асосии ҳамаи нооромиҳо ва хунрезиҳо чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз ҲНИТ будаву ҳаст ва барои ҳамин ҳам, ифротиҳоро равонаи зиндон намуданд.

Аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар воқеаҳои ошӯбангез бевосита иштирок намуда, ҷиноят содир карданд, ба муқобили халқу давлати худ бархостанд, то оромиро халалдор созанд. Барои ҳамин ҳам, баста шудани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ-террористӣ бо асос ва далелҳои радношаванда собит шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ ба масоили боздошт ва рушди рӯзафзуни ифротгароӣ дар байни ҷавонони наҳзатӣ пардохта даъво мекунад, ки яке аз омилҳои пайвастшавии адади бештари ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пас аз саркӯби ҲНИТ аст. “Ин фаъолони ҳизби моро бо иттиҳомоти мухталиф, аз қабили даҳшатафканӣ (терроризм), ифротгароӣ ва фаъолияти гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам ва зиндонӣ карданд”. Ҳолатҳои ғайриқонунӣ, рафтори зид ва интиқодии М.Кабирӣ нисбат ба пешрафту шукуфоии давлату миллат ба чашм мерасад ва бо ақидаҳои носолим ба ҷавонон алоқаҳои пинҳонии хиёнаткоронаро талқин мекунад, ки ҳама гуна фаъолият, ташвиқоти динӣ ё исломгароии ҷавонон дар байни аҳолӣ бошад.

Дар ҷои дигар мухбири рӯзномаи “Gazeta Prawna” пурсон мешавад: “Оё Тоҷикистонро терроризм таҳдид мекунад?”, Муҳиддин Кабирӣ ҳама чизро ба фаъолияти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ рабт дода мегӯяд: “Чунин таҳдиде барои ҳамаи минтақа вуҷуд дорад. Аммо то соли 2015 Тоҷикистон аз ин ҷиҳат нисбатан амн буд ва баъди соли 2015 вазъият якбора бад шуд”. Вай ҳамагонро гунаҳкори асосӣ меҳисобад ва худро канор мегирад, аммо мавқеаш дар ҷамъият аз гуруҳҳои ифротии динӣ кам нест.

Манфиатҷӯӣ ва нодидагириҳо дар мусоҳибаи М.Кабирӣ бисёр ба назар мерасад. Вай дар идомаи суҳбат мегӯяд: “Вале мо бояд байни ифротиҳо ва инсонҳое, ки ба далоили сиёсӣ паноҳанда шудаанд, фарқ гузорем”. Чӣ гуна бемантиқӣ ва бешармӣ, дар ҳоле ки худаш ифротӣ аст, аммо худро ифротӣ намеҳисобаду дигаронро ифротӣ медонад?

Раҳбарияту аъзоёни ҳизби мазкур дар ҳар куҷое набошанд, фақат дар хусуси вазъи кунунии сиёсати ҷумҳурӣ ва камбудиву норасоии давлату миллат ҳарф мезанад. Дар хусуси боло рафтани мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҳарфе надоранд. Аз гуфторашон пай бурдан мумкин аст, ки барои онҳо манфиати ҳизб аз манфиати давлат боло меистад ва мекӯшанд манфиатҳои ҳизбиро бароварда гардонанд.

 С.Ориёнфар

– See more at: http://javonon.tj/news/politics/ifrot-va-shikvai-besubot/#sthash.SZSViBZK.dpuf


11.05.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.