734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Оғози мусобиқа оид ба футбол бахшида ба “Соли ҷавонон” дар ноҳияи Деваштич

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Деваштич баҳри ёдбуди корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Богут Холов мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2003-2004-и мактабҳои варзишии вилояти Суғд оғоз гардид.

Дар мусобиқа дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бўстон, Истиқлол,ноҳияҳои Мастчоҳ, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон ва дастаҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии вилояти Суғд байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Мусобиқа панҷ рўз идома меёбад ва ғолибон бо ҷоми сайёр, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешавад.

Манбаъ: Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд


07.05.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.