734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо соҳибкорони оянда

IMG_6101-300x200

Бо баргузории як чорабинӣ дар КВД Клуби соҳибкорони ҷавон ба як гуруҳ ҷавононе, ки курси соҳибкориро ба итмом расониданд, “Шаҳодатнома” супорида шуд.

Дар ин маросим Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Директори КВД Клуби соҳибкорони ҷавон Дилшод Ҷураев ишитрок ва суханронӣ карданд.

Чорабиниро Дилшод Ҷураев оғоз намуда, нахуст доир ба мақсади ташкили курси соҳибкорӣ ва вохӯрии роҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо соҳибкорони оянда андешаронӣ кард.

Аҳтам Абдуллозода зимни баромад вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва нақши ҷавонони соҳибкор дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат суханронӣ карда, онро муҳим арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз амнияти давлат вобастагии калон дошта, дар навбати худ соҳибкорони ҷавон низ бояд дар назди Ватану миллат масъулият эҳсос намоянд.

Роҳбари Кумита изҳор дошт, ки дар замони муосир танҳо бо дониш ва ҷаҳонбинии васеъ метавон ба соҳибкори машғул гардида, муваффақ шуд. Зеро ба таъкиди Раиси Кумита танҳо ҷавони донишманд метавонад ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ маблағро дуруст ва самаранок истифода намояд.

Дар ин чорабинӣ роҳбари Аҳтам Абдуллозода ба масъалаи арзиши муқаддасоти миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар низ дахл карда, изҳор дошт, ки ин муқаддасот бояд дар қалби ҳар як ҷавони тоҷик бошад.

Директори КВД Клуби соҳибкорон дар навбати худ таъкид дошт, ки мақсад аз ташкили курсҳои соҳибкорӣ ба ҷавонон имконият фароҳам овардани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Зеро дар ин курсҳо мутахассисони баландатаҷриба ба ҷавонон нозукиҳои фаъолияти соҳибкориро ба таври назариявӣ меомузонанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 18 нафар ҷавононе, ки курси фаъолияти соҳибкориро ба итмом расониданд аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Директори КВД Клуби соҳибкорони ҷавонон Дилшод Ҷӯраев “Шаҳодатнома” (Сертификат) тақдим карда шуд.


16.03.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.