734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар ноҳияи Ёвон

2016-04-22yovon_gaj_s

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони сокинони ноҳияи Ёвон!
Ҳозирини арҷманд!

Дар оғози сафари кории имрӯза ба ноҳияи Ёвон – диёри мардуми ватанпарвар ва заҳматдӯсту меҳмоннавоз мо кӯдакистон ва мактаби наверо, ки аз тарафи соҳибкори ҳимматбаланди ноҳия Баҳриддин Ҷӯрахонов барои 60 нафар кӯдакон ва 640 нафар наврасон, яъне насли ояндасоз бунёд гардидааст, ба истифода супоридем.

Ва ҳамчунин санги асоси ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташишаро гузоштем.

Ин лаҳзаҳо мову шумо ба муносибати ба фаъолият оғоз намудани боз як иншооти саноатӣ дар кишварамон – Корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли гаҷкартон, ки аз тарафи сармоягузорону мутахассисони Тоҷикистону Чин амалӣ гардида, дар самти афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинони ноҳия нақши арзанда хоҳад дошт, ҷамъ омадаем.

Зеро тавре ки медонед, ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат эълон гардида, барои расидан ба ин ҳадафи олӣ тамоми заминаҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёде, ки солҳои навадум ва солҳои минбаъда ба вуҷуд омада буданд, мо тавассути зина ба зина таъмин намудани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва татбиқи афзалиятҳои муайянгардидаи мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Дар ин раванд, пеш аз ҳама, зарурати зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба тараққиёти босуръати соҳаҳои воқеӣ бо роҳи бунёд намудани инфрасохтори энергетикаву саноат, роҳу нақлиёт, муассисаҳои иҷтимоӣ ва монанди инҳо пеш омад ва тадриҷан дар ин самт хеле корҳои шоиста амалӣ гардиданд.

Масалан, фақат дар ду соли охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ҳамасола беш аз 20 фоиз афзоиш ёфт, ки ин нишонаи возеҳи дастгирии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Дар натиҷа солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли семент, хишт, маводи ғайримаъданӣ ва коркарди санг сохта, ба истифода дода шуданд.

Барои муқоиса ёдовар мешавам, ки агар соли 2000-ум дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмони кишвар ҳамагӣ 32 корхонаи саноатӣ ва ташкилоту сохторҳои хизматрасони соҳа фаъолият дошта бошанд, имрӯз шумораи умумии чунин ташкилоту корхонаҳо ба 450 расида, дар онҳо зиёда аз 8 ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки афзоиши ҷойҳои корӣ нисбат ба соли 2000 қариб ду баробар ва шумораи корхонаҳо 15 баробарро ташкил додааст.

Бо вуҷуди ин пешравиҳо дар таъмини бозори дохилии кишвар бо масолеҳи сохтмон ҳиссаи молҳои воридотӣ ҳанӯз ҳам зиёд мебошад.

Ҳукумати кишвар бо ин мақсад барномаи махсуси истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро таҳия карда истодааст, ки тибқи он истеҳсоли беш аз 20 номгӯи муҳимтарин молу маҳсулоти саноатӣ пешбинӣ мешавад.

Итминон дорем, ки қабул ва амалӣ гардидани барномаи мазкур ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва дар маҷмӯъ, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд дар мамлакат татбиқи 68 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми қариб 22 миллиард сомонӣ (баробар ба ду миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ) идома пайдо карда, илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази давлатӣ барои бунёди 424 иншооти гуногун беш аз 3,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии кишвар эътибори аввалиндараҷа дода, ҳангоми таъмин кардани иншооти бунёдшаванда ба молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ афзалият дода шавад.

Ҳозирини арҷманд!

Имрӯзҳо ба хотири таҷлили арзандаи ҷашни 25 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кулли мардуми шарифи кишвар бо корҳои ободониву созандагӣ машғуланд, ки соҳибкорони бонангу номуси мо пешсафи ин раванди нек мебошанд.

Корхонаи имрӯза, ки бунёди он охири соли 2014 оғоз шуда буд, дар муддати хеле кӯтоҳ бо харҷи беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ) ба анҷом расонида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии ин корхона дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон буда, дар он зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаи имрӯза бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо дарназардошти талаботи бозор истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридотро таъмин намуда, барои содироти ин намуди муҳимми масолеҳи сохтмон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тибқи маълумот танҳо дар се солу се моҳи охир ба кишвар 164 ҳазор тонна гаҷкартон ва гаҷи сохтмонӣ ба маблағи қариб 500 миллион сомонӣ (60 миллион доллар) ворид карда шудааст.

Барои дар муҳлати хеле кӯтоҳ, яъне камтар аз ду сол ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонии корхона, инчунин барои заҳмати пурмаҳсулу софдилона ба сармоягузорони кишвари дӯсту ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамаи мутахассисону коргарони ватанӣ изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки барои фаъолияти муназзаму самараноки ин коргоҳ бевосита дар наздикии манбаъи дорои захираҳои зиёди ашёи хом ҷойгир будани он омили бисёр муҳим мебошад ва шубҳае нест, ки роҳбарону мутахассисони корхона аз чунин имконияту шароити мусоид васеъ истифода мекунанд.

Ёдовар мешавам, ки соли 2000-ум дар ноҳия ҳамагӣ 10 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт, вале дар натиҷаи андешидани маҷмӯи тадбирҳо шумораи коргоҳҳои саноатии ноҳия мунтазам зиёд гардида, имрӯз ба 37 расидааст.

Агар соли 2000 истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатии ноҳия ҳамагӣ 22 миллион сомониро ташкил карда бошад, ин рақам аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба 714 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин, албатта, натиҷаи назаррас мебошад.

Вале ин ҳанӯз ниҳояти кор нест. Зеро дар давоми соли ҷорӣ ва соли 2017 дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон ба фаъолият шурӯъ намудани боз як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли семент, криолит ва кислотаи сулфат пешбинӣ шудааст.

Ҳоло корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот дар баъзеи онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ба шарофати ба кор оғоз кардани корхонаҳои ба нақша гирифташуда ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад.

Ба роҳ мондани фаъолияти бомарому самараноки корхонаи истеҳсоли гаҷкартон иқтидори саноатии ноҳияро боз ҳам таҳкиму тақвият мебахшад.

Чунон ки зикр кардам, мо имрӯз ҳамчунин санги асоси боз ду иншооти саноатӣ – корхонаи истеҳсоли рангҳои гуногун ва пахташишаро гузоштем.

Тибқи лоиҳа ин корхонаҳо, ки аз ҳисоби сармояи мустақим бо маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ бунёд мешаванд, дар як сол 15 ҳазор тонна рангҳои гуногун ва 170 ҳазор метри мукааб пахташиша истеҳсол намуда, зиёда аз 150 нафар коргарону мутахассисони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд кард.

Хотирнишон месозам, ки ҳамаи маҳсулоти зикршуда ивазкунандаи воридот мебошанд, яъне мо минбаъд молу маҳсулоти зикршударо аз кишварҳои хориҷӣ ворид намекунем.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикршуда иқтидори саноатии кишварамонро, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда хеле тақвият бахшида, барои сокинони мамлакат боз ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё менамояд.

Қобили зикр аст, ки соҳаи саноат яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки иқтисодиёти вилояти Хатлон мебошад.

Тӯли 25 соли истиқлолият шумораи корхонаҳои вилоят ба 535 расидааст, ки 33 – тои онҳо аз лиҳози ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот корхонаҳои азим ба шумор мераванд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли 2016 дар вилоят боз 83 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бояд бунёд карда шаванд.

Айни замон сохтмони як қатор корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ дар ноҳияҳои Фархор, Ёвон, Данғара ва Ҷайҳун оид ба истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмон, коркарди нафт, нассоҷӣ, семент, конструксияҳои металлӣ, намаки ошӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва лӯлаҳои пластикӣ босуръат идома дорад.

Соли 2015 корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2010-ум 830 миллион сомонӣ ё 24 фоиз зиёд аст.

Бояд гуфт, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят дар давоми даҳ соли охир аз ҳисоби ба кор даровардани корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ таъмин карда шудааст.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар 16 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 650 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

Дар назар бояд дошт, ки раванди саноатикунонии минтақаҳои кишвар агар аз як тараф, омили муҳимми афзоиш пайдо кардани маҳсулоти саноатӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бошад, аз сӯи дигар, боиси таъсис ёфтану васеъ гардидани шабакаи дигар иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва албатта, ба вуҷуд омадани ҷойҳои кори доимӣ ва торафт кам гардидани вобастагии иқтисодиёти мо аз омилҳои беруна мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд бо истифода аз захираҳои фаровони табиии кишварамон ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ ҳарчи бештар корхонаву коргоҳҳои нав таъсис дода, иқтидори иқтисодии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва барои торафт беҳтар гардонидани некӯаҳволии мардум шароит фароҳам созем.

Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон дар самти таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон – ҳифзи амнияти озуқавории аҳолӣ, рушди соҳаи саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ басо арзишманд аст.

Бо мақсади таъмини бозори истеъмолии кишвар ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят то ба имрӯз 38 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.

Дар доираи татбиқи марҳалаи аввали лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” 2500 гектар ва марҳалаи дуюми лоиҳа беш аз 2600 гектар, дар маҷмӯъ зиёда аз 5100 гектар замин обёрӣ шуда, илова бар ин, обёрии боз 1750 гектар замин ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, тибқи нақша соли ҷорӣ бо дастгирии молиявии Ширкати “Ҷунтай Хатлон Син силу” дар ноҳияҳои Ҷайҳун 8000 гектар, Дӯстӣ 4700, Қубодиён 2000, Шаҳритуз беш аз 1000, Носири Хусрав 500 ва Данғара 4100 гектар, ҳамагӣ зиёда аз 20 ҳазор гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва торафт беҳтар шудани некӯаҳволии сокинони мамлакат шумораи аҳолӣ торафт афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда ба ҳолати 1 январи соли 2016 танҳо дар вилояти Хатлон 3 миллиону 50 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум беш аз 62 фоиз ё қариб 1 миллиону 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Ин, албатта, хуб аст. Вале зарур аст, ки баробари афзоиши шумораи аҳолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои нав низ зиёд карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, дар давоми даҳ соли охир аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ (буҷети давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ) дар ҳудуди вилоят қариб 50 пул таъмиру азнавсозӣ ва барқарор карда шудааст.

Аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бунёду барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе – Данғара (109 километр), нақби «Хатлон» (4430 метр), 10 пул ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ (баробар ба 256 миллион доллари амрикоӣ) ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Шоҳон (40 километр) бо сохтмони 10 пул ба маблағи 730 миллион сомонӣ (баробар ба 93 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ гардидаанд ва кор дар баъзеи онҳо идома дорад.

Дар давоми панҷ соли охир роҳи мошингарди «Дӯстӣ – Панҷи Поён» ва «Қӯрғонтеппа –Дӯстӣ» ба масофаи беш аз 90 километр ба маблағи зиёда аз 560 миллион сомонӣ (71 миллион доллари амрикоӣ) аз ҳисоби гранти давлати Ҷопон азнавсозӣ гардид ва ба истифода супорида шуд.

Умуман, дар даҳ соли охир (солҳои 2005-2015) дар вилояти Хатлон 24 лоиҳа мавриди амал қарор гирифта, аз оғози татбиқи онҳо то ба ҳол зиёда аз 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ (325 миллион доллари амрикоӣ) азхуд карда шудааст.

Илова бар ин, дар давраи зикргардида дар вилоят нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда – 1 (бо иқтидори 680 мегаватт), Сангтӯда – 2 (бо иқтидори 220 мегаватт), хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 – киловолтаи “Лолазор – Хатлон” ва 30 нерӯгоҳи хурд бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.

Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусту самараноки роҳу пулҳои бунёдшуда, идома додани корҳои бунёду азнавсозии роҳҳои дохилии ноҳияҳову деҳот ва байни шаҳру ноҳияҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ, таъмир ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти энергетикӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, зарур аст, ки бо дарназардошти торафт шиддат гирифтани таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, мунтазам тағйир ёфтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба масъалаҳои сарфаю сариштакорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, назорати шаффофияту самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо аҳаммияти махсус дода шавад.

Дар баробари ин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва умуман ҳамаи онҳое, ки бо замин сарукор доранд, хотиррасон месозам, ки бо истифода аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ ва захираҳои фаровони обу замин киштукори баҳорӣ, ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ, таъминоти бозори истеъмолии кишвар ва ба содирот баровардани ҳаҷми ҳарчи бештари маҳсулот, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва захираи маҳсулотро вусъат бахшида, нагузоранд, ки як ваҷаб замин холӣ монад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо истифода аз иштироки роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, зиёиён ва фаъолон мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ ва баъзе масъалаҳои вобаста ба он баён намоям.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки вақтҳои охир ҷинояткорӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳои он тамоюли зиёдшавӣ дорад.

Бахусус дар давоми се соли охир ҷинояткорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.

Масалан, агар дар вилоят соли 2011 –ум 3750 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, ин рақам соли 2015 ба 5700 расидааст.

Вале кушодашавии ҷиноятҳо аз 91 то 88 фоиз паст шудааст.

Нисбат ба солҳои гузашта содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, қаллобӣ (зиёда аз 2 баробар), авбошӣ (қариб 3 баробар), муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои характери экстремистидошта ва худсарона ишғол намудани қитъаи замин (беш аз 4 баробар) зиёд шудааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ бори дигар таъкид месозам, ки яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни наврасону ҷавонон диққати доимӣ ва аввалиндараҷа додан ба беҳдошти шароити муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо ва торафт беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, яъне баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ба наздикӣ ман ба роҳбарону масъулон супориш додам, ки ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи маориф, вазъи воқеӣ ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, инчунин сатҳу сифати дониши хонандагони вилояти Хатлонро ҳамаҷониба омӯхта, хулосаи асоснок пешниҳод намоянд.

Мувофиқи маълумот дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят баъзе мактабҳо то ҳанӯз дар хонаҳои шахсӣ, вагонҳо, биноҳои садамавӣ ва ҳатто биноҳое, ки солҳои сиюму чилуми асри гузашта сохта шудаанд, ҷойгиранд.

Яъне вазъи даҳҳо мактаб бисёр ногувор ва хавотиркунанда мебошад.

Ҳоло вобаста ба бартараф кардани вазъи ташвишовари муассисаҳои таълимӣ ва таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилоятро барои солҳои 2017 – 2021 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар вилоят даст задан ба ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистидошта низ афзуда истодааст.

Ҳоло нисбат ба 435 нафар сокинони вилоят барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин намуди ҷиноятро бештар сокинони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳритус, Бохтар, Қубодиён, Вахш, Ҷалолиддинӣ Балхӣ содир мекунанд ва дар байни онҳо 11 нафар сокинони ноҳияи Ёвон низ ҳастанд.

Аз вилоят 46 оила иборат аз 160 нафар дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои Сурия ва Ироқ иштирок карда истодаанд.

Ҳатто аз як оила 7 нафар шахсони калонсол ва 7 нафар кӯдакони ноболиғ дар Сурияву Ироқ қарор доранд.

Тибқи маълумот 177 нафар, аз ҷумла 14 нафар сокинони ноҳияи Ёвон барои ҳамроҳ шудан ба гурӯҳу равияҳои экстремистиву террористӣ айбдор дониста шудаанд.

Дар баробари ин, 141 нафар сокинони вилоят дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд ва ба Ватан баргардонида нашудаанд.

Ҳамчунин, нисбат ба 861 нафар оғоз гардидани парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки риояи қонунгузории замин дар вилоят дар сатҳи паст қарор дорад.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиёиёну фаъолон бояд ҷиҳати риояи ҳатмии қонуният ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Падару модарон, аҳли маориф, шахсони обрӯманд ва зиёиён вазифадоранд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, аз таъсири фарҳангу мафкураи барои мардуми мо бегона эмин нигоҳ доштани онҳо ва ба роҳи дурусту заҳмати созанда ҳидоят кардани наврасону ҷавонон бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд.

Ҳамчунин, ниҳоят зарур аст, ки аҳли ҷомеа нисбат ба ин масъала бетараф набошанд, чунки мо метавонем фақат бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳамкориву ҳамбастагии ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ карда, рушди устувору дарозмуддати давлати соҳибистиқлоламонро таъмин намоем.

Мо ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро набояд фаромӯш кунем, ки аз чӣ сар зада буданд ва дар кишвари тозаистиқлоли мо, махсусан дар вилояти Хатлон чӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабор оварданд.

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҳамеша аз масъалаву мушкилоти мардум хабардор бошанд ва ҷиҳати ҳалли онҳо сари вақт чораҷӯӣ намоянд.

Вазифаи ҷонии роҳбар – хизмат ба халқ ва ғамхорӣ ба халқ аст. Зеро ғамхорӣ ва роҳнамоиву ташаббускории роҳбарон метавонад ба корҳои неки созандагиву ободгарӣ дар маҳалҳо вусъати тоза бахшида, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, хусусан доир ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ин самт вилоят захираву имкониятҳои фаровон дорад, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати рӯзгори мардум мусоидат намояд.

Мо роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро имрӯз махсус ба ин ҷо даъват кардем, то ин ки натиҷаи заҳмати соҳибкорони ноҳияи Ёвонро бо чашми худ дида, барои ободиву пешрафти шаҳр ва ноҳияи худ кӯшиш кунанд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 25 – солагии истиқлолияти кишвари азизамон, ҳар рӯзро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон равона кардан вазифаи ҷонии ҳар яки мо ва кулли фарзандони бонангу номуси мамлакат, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон мебошад.

Аз ин рӯ, сокинони бонангу номус ва меҳмоннавозу боҳиммати ноҳияи Ёвонро бори дигар ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи азими саноатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди ин мулки ободу зебо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу бобаракат ва хушбахтӣ орзу менамоям.

Саодату комронӣ ҳамеша ёратон бод, ҳамватанони азиз!

http://www.prezident.tj/node/11399


23.04.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.