734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Рушди босуботи ВМКБ дар давраи истиқлолият

Рушди босуботи ВМКБ дар давраи истиқлолият

Дар давоми 25 соли давлатдории навини тоҷикон кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, раванди созандагӣ ва ободкорӣ идома дорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз дар партави истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ низ рушд ёфта истодааст ва ҳар як гӯшаи ин макони афсонавӣ ободу зебо ва зиндагии сокинони он хубтару беҳтар мешавад.

Рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии сокинони вилоят дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соли гузашта бо ҳадафи ошноӣ аз вазъи зиндагии мардум ва санҷиши иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ дода шуда, ҳамчунин барои мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари навбатии корӣ дошт. Дар давоми ин сафар Сарвари кишвар дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими маишӣ ва фарҳангӣ асос гузошта, бо сокинони ноҳияҳои вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом дод. Инчунин дар ҷараёни ин сафар ба сохтмони корхонаву муассисаҳои барои вилоят муҳим санги асос гузошта шуд. Президенти кишвар аз корҳои барқарорсозии маҳалҳои офатзадаи ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Шуғнон дидан намуданд. Президенти мамлакат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳолии вилоят бо қаноатмандӣ изщор дошт: «…Солҳои охир бо шарофати таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати малакат ва заҳмату толошҳои ватандӯстонаву созандаи сокинони сарбаланди вилоят ин гӯшаи баландкӯҳи мамлакатамон ба таври назаррас обод шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб беҳтар гардидааст». Барҳақ ин суханони Пешвои миллат гувоҳи онанд, ки симои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон куллан тағйир ёфта, аҳолии он шукргузорӣ аз ваҳдату созандагӣ ва шукуфоии кишвар мекунанд. Дар давоми солҳои истиқлолият ба рушди самтҳои гуногуни вилоят зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона шуда, дар маҷмуъ дар давоми ду даҳсолаи охир дар ҳудуди вилоят 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор гирифт. Бо маблағи умумӣ 800 миллион сомонӣ 1200 иншооти гуногун бунёд гардиданд.

Танҳо барои соҳаи роҳсозии вилоят 5 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 600 миллион сомонӣ амалӣ гардиданд. Бешак ба истифада додани шоҳроҳи абрешими Кӯлоб-Қалъаихумб Хоруғ-Кулма яке аз шоҳкориҳои азими даврони навини мамлакат арзёбӣ мешавад. Сохтмони ин роҳ имконият дод, ки яке аз ҳадафҳои стратегии муҳим барои Тоҷикистони азизамон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳал гашта, дар айни замон ба афзоиши тиҷорати давлат бо кишварҳои дуру наздик мусоидат намояд. Сокинони вилоят ҳоло метавонанд, дар муддати кӯтоҳ ба маркази давлат шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар бе ягон мамоният сафар кунанд, дар ҳоле ки қаблани ин имконотро надоштанд.

Бо мақсади минбаъда ривоҷу равнақ додани хоҷагии халқ ва беҳтар намудани сокинони вилоят аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои панҷ соли оянда татбиқи 1439 лоиҳа ба маблағи беш аз чор миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Танҳо соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи машингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ бо маблағи 27 миллион сомонӣ пули мошингузар ифтитоҳ ёфт. Иқтидори борбардории ин пул 100 тонна буда, дарозии он 146 метр мебошад.

Барои фаъолияти соҳаи энергетикаи вилоят ду даҳсолаи охир ба андозаи 320 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар ин муддат иқтидори энергетикии вилоят 31,2 мегаватт зиёд шуда, тавоноии умумии нерӯгоҳҳо ба 432 мегаватт расидааст. Барои ду соли наздик аз ҳисоби буҷети давлат ба соҳаи энергетикаи вилоят зиёда аз 100 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҷиҳати суръат бахшидан ба рушди ин соҳа бо иштироки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа ба бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт асос гузошта шуд.

Дар суханронии Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ инчунин масъалаи ҷалби маблағ барои бунёди корхонаҳои коркарди маъдан, сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ супоришҳо дода шуд.

Барои таъмини соҳаи илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят зиёда аз 52 миллион сомонӣ ва таъмиру нигаҳдории роҳҳо 30 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо барои сохтмони иншооти гуногун дар ҳудуди вилоят 208 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар давоми чор соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди соҳаи тандурустӣ 142 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Кор дар ин самт низ идома дорад.

Дар раванди созандагӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ дар деҳаи Ғуҷоваст сехи коркарди ангат бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин коргоҳ 6 нафар ба таври доимӣ ва дар мавсими ҳосили ангат то 25 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд маҷмааи турустию истеҳсолии «Ванҷи боло» ифтитоҳ шуд. Дар ин Маҷмаа, ки аз ҷониби Ҷамъияти дороии масъулияти маҳдуди «Рухом» ба харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз симои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ куллан зебо ва намуди навро ба бар гирифта истодааст. Бояд зикр намуд, ки маркази ноҳияи Дарвоз шаҳраки Қалаихумб бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, талошҳо ва супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат рушд ёфтааст. Танҳо солҳои охир дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлат нерӯгоҳи барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг-2», бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ, бо ҷалби сармояи хориҷӣ корхонаҳои саноатӣ, ба монанди корхонаи коркарди санги «Карона-мармар», коргоҳи замонавии «Карона-Гавҳарнигор», Маркази омӯзиши ҳунар, кохи бонувон бо номи «Меҳри модар», ки барои 500 нафар пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифтанд. Зимни сафари корӣ аз тарафи Роҳбари давлат имсол дар ноҳияи Дарвоз бинои филиали бонки Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи «Тоҷиксодиротбонк», шуъбаи маориф, меҳмонхонаи «Карон Палас» кушода шуданд.

Дар ноҳия Рӯшон санги асоси бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз ёфт. Арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ буда, дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мегардад. Қасри фарҳанги ноҳия бо 460 ҷои нишаст туҳфаи беҳтарини Роҳбари давлат ба мардуми санъатдӯсти Рӯшон пазируфта шуд.

Соли 2015 дар нимаи дуюми моҳи июл пай дар пай бо сабаби гармии дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз баландшуда офатҳои табии фаромадани сел ба амал омад. Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар ноҳияҳои дар боло зикршуда ва дигар манотиқи кишвар манзили истиқоматии 149 оила, аз ҷумла 93 хона пурра ва 56 хона қисман хароб гардида, дар ноҳияи Ванҷ талафоти ҷонӣ ба амал омад. Мувофиқи маълумот дар ҳудуди кишвар зарари офати табиӣ зиёда аз 600 миллион сомониро ташкил дод. Танҳо аз як нуқтаи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон ёдовар мешавем, ки қайд намуд: «… Бори дигар таъкид менамоям, ки мо мардуми зарардидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорем ва оқибатҳои офати табииро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин пурра бартараф менамоем…». Самимият , нексириштӣ ва накукории пур аз меҳру муҳаббати Роҳбари давлат дар он рӯзҳои мушкил қалби сокинони зарардидаро қавитар намуд, бовариашонро ба ояндаи нек дучанд гардонд.

Президенти кишавар ҷиҳати бартараф намудани офати табиӣ ба Ҳукумати кишвар ва тамоми мақомоти ҳокимияти маҳалии вилоят, шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки ҳарчи зудтар ба сокинони минтақаҳои зарардида кӯмак расонида шавад. Барои сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидагон ҷой ҷудо гардид ва дар як вақт масолеҳи сохтмонӣ низ оварда шуд ва сохтмони манзил барои зарадидагони офати табиии деҳаи Барсем оғоз ёфт. Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва бевостаи Пешваи миллат дар муҳлати кутоҳ зарардидагони ин деҳа соҳиби манзилҳои истиқоматии нав бо тамоми чизу чораи зарурӣ шуданд. Дар ноҳияи Шуғнон боз як деҳаи замонавӣ бо тамоми инфрасохтораш қомат афрохт.

Корҳои зиёди дигари созандагӣ ва ободкориҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ВМКБ дар солҳои наздик бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегарданд, ки ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии вилоят ва сокинони он вусъати тоза мебахшад. Мардуми вилоят имрӯз аз он шукргузоронад, ки чунин Сарвари хирадманду оқил, Ватани ободу осуда доранд ва дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ зиндагӣ менамоянд ва бо меҳнати ҳалолашон дар пешрафти ин сарзамин саҳмгузоранд.

Мамадмирзо АЛИМШОЕВ,

муовини ректори

 Донишгоҳи давлатии Хоруғ,

номзади илми таърих, дотсент


06.05.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.