73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Амалиёти ниҳолшинонии ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат

20 нафар волонтёрони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҷумҳуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!” бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод зиёда аз 280 бех ниҳолони сояафкан ва ҳамешасабз шинониданд.

Дар ин бора аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Аксияи мазкур бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар эълон шудааст.

 


11.01.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.