73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


СИНО: Ҳар сешанбеи охири моҳ ҷаласаи созмонҳои талабагӣ

Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дирӯз, 10 январ, нахустин ҷаласаи якҷояи созмонҳои талабагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши созмонҳои талабагӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, ташкили семинар, тренингҳои омӯзишӣ, конференсияву мизҳои мудаввар доир ба масъалаҳои актуалии ҳаёти наврасону ҷавонон, ташкили дарсҳои кушод барои баланд бардоштани маърифати зеҳнии наврасону ҷавонон, вусъат бахшидани ҳаракати волонтиёрӣ, ташкили клуби олимпиадачиёну медалистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд ҳар рӯзи сешанбеи ҳафтаи охири моҳҳо ҷаласаҳои машваративу омӯзишии фаъолияти созмонҳо баргузор карда мешавад.

Манбаъ: javonon.tj/news/youth/sino-ar-seshanbei-okhiri-mo-alasai-sozmon-oi-talabag/#sthash.dg2Xi9QC.dpuf


11.01.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.