73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ташкили курсҳои забономӯзии ройгон дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи амалигардонии «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон барои солҳои 2016-2018» дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб курси омӯзиши забони русӣ ташкил шуд.

Дар курси омӯзишӣ 20 нафар аз ҳудуди шаҳру деҳоти шаҳри Кӯлоб ва инчунин минтақаи Кӯлоб ба таври ройгон бо дастрасӣ ба китоб, дафтар, ручка, ҷувздон ва дигар ашёҳои хониш таҳсил доранд.

Ҷавонон ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуш пазируфта, дар Соли ҷавонон онро ҳамчун туҳфаи олӣ аз тарафи Пешвои миллат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон донистанд.

Курси мазкур 2 моҳ идома ёфта, ҷавонон дорои “Сертификат” мегарданд.


10.01.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.