73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ванҷ: Ҷавонон фарҳанги миллиро муҳокима намуданд

Дар доираи амалигардонии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 дар маркази ноҳияи Ванҷ таҳти унвони «Ҷавонон ва фарҳанги миллӣ» семинар-машварат баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ ташкил шуда, дар он намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои қудратӣ, идораву ташкилотҳои маҳаллӣ ва ҷавонон ширкат намуданд.

Масрур Ғайратов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ зимни баромади хеш иброз дошт, ки дар вазъи ҷаҳонишавӣ пос доштани ҳувияти миллӣ хеле муҳим аст.

– Гиромӣ доштани анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, муҳайё кардани шароит барои рушди дастовардҳои фарҳангӣ ва ба хориҷиён муаррифӣ кардани онҳо ба манфиати миллату давлат аст. Дар ин раванд фарҳанги либоспӯшӣ ҳам аз василаҳои бонуфуз ва муаррифии миллат маҳсуб меёбад. Мутаассифона, феълан шоҳиди ҳол хастем, ки баъзе ҷавондухтарон ба ҷои муаррифии либоси миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд ва чунин тасмигирии онҳо оқибати хуб надорад, – афзуд М. Ғайратов.

Таъкид гардид, ки масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои тундрави экстримистиву террористӣ низ то ҳол аз проблемаҳои мубрами рӯз буда, танҳо бо роҳу усулҳои ҳамоҳансозии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва сохторҳои Ҳукумат метавон онро пешгирӣ кард.

Масъулини сохторҳои қудратӣ, ҷавонон ва дигар иштирокдорон оид ба пешгирии ғояҳои терроризму ифротгароӣ ибрози андеша карда, ба хулоса омаданд, ки аз ин пас набояд паҳншавии идеологияи террористиро аз доираи назар берун гузошт. Яъне барои муқовимат кардан ба чунин зуҳурот талош кардан лозим, то мағз ва вуҷуди наслҳои имрӯзу фардо аз ғояҳои харобиовар дар амон бошад.


10.01.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.