73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибони “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2016 муайян гардиданд

_DSC01637 январи соли 2017 дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Адҳам Маъмурзода намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  мураббиён, варзишгарон ва ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нахуст, Аҳтам Абдуллозода суханронӣ намуда, иброз намуд, ки шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад.

“Боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки барои ҳавасмандӣ ва дастгирии варзишгарони кишвар бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад” – афзуд А.Абдуллозода.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, №328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ», яке аз иқдомҳои наҷиби сарвари кишвар барои дастгирӣ ва ҳавасмандии варзишгарон мебошад.

Дар ин замина ҷиҳати татбиқи Фармони мазкур Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, №493 тасдиқ гардидааст.

Соли 2016 меъёрҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 15 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо муваффақият иҷро намуда, аз хазинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 622 500 сомонӣ сарфароз гардиданд.

Сипас Адҳам Маъмурзода намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан  баромада, иброз намуд, ки варзиш омилест, ки  ба василаи он ҳар як шахс ҳам худро ва ҳам миллату давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Сазовор гардидан ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як варзишгар муваффақияту комёбии беназир буда, он метавонад заминаи рушду инкишофи варзишгар дар руҳияи ватандӯстиву ҳувияти миллӣ гардад.

 “Варзишгарон бояд хуб дарк намоянд, ки ҳама дастоварду мувафақияти онҳо бевосита аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ мегардад, ки ин ҷоиза намунаи олии гуфтаҳои боло мебошад” – гуфт, Адҳам Маъмурзода.

Хуршед Маҷидов, ки  дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар Ҳиндустон сазовори ҷойи сеюм гардида буд,   Муроҷиатномаи варзишгарон – ҷавонони кишварро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуд.

Дар фарҷом ба 14 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки соли 2016 меъёрҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуда буданд дар фазои идона бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Хотирнишон бояд намуд, ки соли 2016 бо дастгирии  Кумита 383 варзишгар, аз ҷумла 41 бону ба 70 чорабиниҳои варзишии гуногуни сатҳи минтақавию байналмилалӣ сафарбар гардида буданд, ки аз натиҷаи дастоварду мувафақиятҳои онҳо ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 302 медал, аз ҷумла 94 тилло, 91 нуқра ва 116 биринҷӣ ворид гардидааст.


07.01.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.