73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Ба маълумоти тамоми мутахассисон, варзишгарон, мураббиён, доварон, ва ташкилоту муассисаҳои тайёрии варзишӣ мерсонем, ки бо заҳматҳои зиёди мутахассисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ давоми соли 2016 бо мақсади мукаммал гардонии санадҳои танзимкунандаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 35 намгӯи Стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ оид ба намудҳои варзиш дар ҳаҷми зиёда аз 1900 саҳифа таҳия ва ба истифода қарор дода шуд, ки ин барои пешрафт ва омода намудани варзишгарон нақши муҳим дошта, ба рушди варзиш мусоидат хоҳад кард.

Ташаббуси дигаре, ки аз ҷониби Кумита роҳандози гардид, ин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад, ки он метавонад барои рушди ин соҳа вобаста ба талаботҳои замони муосир ҳамчун як рукни солимии аҳолӣ тарбияи ҷисмонии насли наврас баланд бардоштани мақоми варзиши кишварро дар арсаи байналмилалӣ омода намудани варзишгарони ҳамчун таҳкурсии асосии танзимкунанда баромад намояд.

Аз ин рӯ, аз тамоми масъулин хоҳиш карда мешавад, ки таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” то 20 январи соли 2017 ба унвониии Кумита ё суроғаи электронии akis_leonardo@mail.ru дар шакли хаттӣ в электронӣ пешниҳод намоянд.

Иштироки Шумо масъулин барои мукамалгардонии ин санади муҳим метавонад  ба манфиати кор гардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш


05.01.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.