73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ва варзишгарон дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара»

Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими варзишӣ ва сайёҳӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли ҷавонони кишвар ва дӯстдорони варзиши зимистонаро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» самимона табрик намуда, ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон барои иқдоми ватандӯстонаашон изҳори сипос карданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ, мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам густариш додани варзишу сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳиву варзишии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Аз ҷумла, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст мақоми нави ваколатдори соҳаро таъсис диҳад, ки масъалаҳои соҳаи сайёҳиро мустақиман ҳаллу фасл намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони масъули Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дастур доданд, ки дар баробари ободу зебо гардонидан ва бо шароити муосири истироҳату фароғати варзишӣ таъмин намудани маҷмаа сатҳи баланди хизматрасониро барои варзишгарону сайёҳон фароҳам созанд.

Дар робита ба масъалаи ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори коммуникатсионии маҷмаа мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби маблағҳои грантӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ таҷдид ва нигоҳдорӣ кардани 14 километр роҳҳои минтақаи сайёҳии имрӯза тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки маҷмааи навбунёд дар самти дарёфту тарбияи варзишгарон ба ин намуди зебои варзиш ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун ба ин мавзеи зебо саҳми сазовори худро мегузорад.

Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ҷавонон ва сокинони ноҳияи Варзоб сухан гуфта, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда, таъмини шароити мусоиди кору зиндагӣ, рушди бахши сайёҳию варзиш ва эълон кардани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


28.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.