734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Паём-2017: пайки ояндаи дурахшон

22 декабри соли 2016 Паёми Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат аз натиҷа ва дастовардоҳи соли 2016 ёдвар шуда, баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созанда дар соли 2017 вазифаҳои мушаххасро муайян намуданд. Президенти кишвар ба ҳаёти ҷавонони кишвар диққати махсус дода, аз қувваи бузург будани онҳо дубора ёдвар шуд: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”, – гуфт Сарвари давлат. Пешвои миллат саҳми назарраси ҷавононро ба инобат гирифта, баҳри боз ҳам пешрафти фаъолияти ҷавонон таъкид дошт, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардад: “Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад”.
Вобаста ба аҳамият ва диққати махсус зоҳир намудани Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба ҷавонон, миёни ҷавонон пурсиш гузаронидем, ки Паёми имсоларо чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Диловар Бобоев,
донишҷӯи курси дуюми Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Паёми имсола боиси ифтихор ва розигии ҳар яки мо мебошад. Президенти кишвар дар ироаи Паёми худ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва ин моро дубора такон доду водор сохт, ки дар омӯзиши илм ва касбу кори гонугун саҳлангорӣ накунем. Баҳри пешбурд ва ободии Ватан камари ҳимат баста, коре кунем, ки ба ин боварии Пешвои миллат сазовор гардем. Аз он ки доираи омӯзиши маро сохтори дипломатияи муосир ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар бар мегирад, маҳз таъкиди бевоситаи Сарвари давлат маро дубора бедор кард, ки дар омӯзиши сиёсати ҳам кишвари худамон ва ҳам дигар кишварҳо бо масъулиятона ва саъйи ҳарчи бештар кӯшиш намоям.

Аҳмадшоҳ Тавакалов,
донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
– Бо ифтихори баланд иброз менамоям, ки мо насли наврасу ҷавон имрӯз сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди кишварҳои мутамаддин баробар гардонидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорем. Паёми имсолаи Пешвои миллат аз паёмҳои гузашта ба куллӣ фарқ дошт. Дар чандин масъалаҳо Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус доданд, ки яке аз онҳо саҳми ҷавонон дар кишвар мебошад. Сарвари давлат ҳама ҷаҳду талош ва кӯшишҳои ҷавононро ба инобат гирифта, баҳри боз ҳам пешрафти онҳо таъкид дошт, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардад. Ин гуфтаи Пешвои миллатро бояд мо бо тамоми вуҷудамон дарку эҳсос намоем. Зеро бахшидани як сол ба насли ҷавон, пеш аз ҳама масъулияти чандкарата мебошад, ки онро бояд дарку фаҳм кард. Пеш аз ҳама хушбахтии мо – ҷавонон аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тарануми якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеаи умр ба сар мебарам. Таъкиди Пешвои миллат, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардад, моро водор месозад, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳимат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор гузорем.

Саъдулло Юсуфов,
хонандаи синфи 11-и гимназияи №53-и шаҳри Душанбе:
– Воқеан, Пёми имсолаи Сарвари давлат барои ман паёми пур аз меҳру садоқат ва пайки ояндаи дурахшон мебошад. Чунки имсол маҳз ба ҷавонон бахшида шуд ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон нишон аз дастгириҳои беназир ва намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нибсат ба насли ояндасози мамлакат мебошад. Мо – ҷавонон дар радифи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамеша аз пайи илмомӯзӣ мешавем ва дар оянда ҳам кӯшиш менамоем, ки мутахассисони хуби соҳа гардида, барои ободии ватани маҳбубамон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, саҳм гузорем. Сарвари давлат дар ироаи Паём гузаштаи худ изҳор дошта буданд, ки “мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанмон имрӯз бо нангу номуси миллӣ дар рушди Ватан саҳмгузор мебошанд”. Ин боварӣ моро даҳчанд масъулиятнок намуда буд. Соли пешорӯ, ки Соли ҷавонон бояд эълон гардад, ба мо имкон медиҳад, ки ба қуллаҳои баланди мурод ноил шавем. Масалан, агар имрӯз 30 ҳазор ҷавон дар хориҷи мамлакат таҳсил кунанд, мо кӯшиш мекунем, ки дар ин сол 30 ҳазорро ба 35-40 ҳазор расонем ва боварӣ дорам, ки Соли ҷавонон барои ба ин мақсад расидани мо мусоидат мекунад.

Ҳофиз Сангаков,
донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Дар Паёми имсолаи худ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида, баҳри инкишофи ҳаматарфаи мо шароитҳои беҳтаринро фароҳам карда истодаанд. Мо сиёсати дурандешонаву хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллати худро якдилона пайгирӣ намуда, барои гул-гулшукуфоии ватанамон ҳамеша саҳм хоҳем гузошт. Ҳамчун пайравони асил ва ҳамешагии ин шахсияти беназир ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорем. Ҳамчун давомдиҳандагони ташаббусҳои неки Пешвои миллат баҳри ободкориву созандагӣ талоши бештар мекунем.

Далерҷони Шарофиддин,
волонтёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ:
– Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар барои ҷовонони Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои ҳидояткунанда, дастурамал ва дар маҷмӯъ як китоби мукаммалест, ки барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ пазируфта шудааст. Ин Паём дар баланд бардоштани маънавиёт ва боло бурдани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон нақши муассир хоҳад гузошт. Ин Паём ба шаҳрвандони Тоқикистон як роҳеро нишон хоҳад дод, ки дар он зиндагии саодатмандона ва бурдборию комёбӣ нуҳуфтааст.

– See more at: http://javonon.tj/news/youth/payem-2017-payki-oyandai-durakhshon/#sthash.4bEgaJXg.dpuf


23.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.