734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҷавонони кишвар бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017

Ҷавонони бонангу номус ва содиқи миллат!

Имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд. Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, ки онҳо нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ зикр карданд, «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди миллӣ, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо Шумо дар таҳкими суботу оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳазорон нафар ҷавон ба ҳайси гурӯҳҳои гуногуни ҷамоатчигӣ, дружиначии ихтиёрӣ ва корманди ғайриштатии милитсия дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба мавқеи ҷавонон ва истифодаи нерӯи тавонои онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маданӣ ҷалб менамояд.

Бори дигар Шуморо бо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон табрик намуда, ба Шумо дар гузоштани қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон барору комёбиҳои беназирро таманно дорам.

БА ҶАВОНОН

Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагонӣ оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.

Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда,
Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда.
Сухангӯю суханронанд дар толору маҳфилҳо,
Ба минбарҳо сухандонанд бо гуфтори арзанда.

Ҷавонон, бин, муқаддас ин Ватанро ҳамчу ҷон донанд,
Шукуфоию рушди мулк аз илму адаб хонанд.
Хурофотию ифротӣ бувад оини бегона,
Агар бинанд гумроҳе, зи роҳи бад бигардонанд.

Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад,
Ирода, рӯҳи солим, бозӯи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу пешоҳанг мезебад.
Худафрӯзӣ ба роҳи донишу фарҳанг мезебад.

Ҷаҳони хешро созанд дар даврони озодӣ,
Ватан гардад диёри файзу сулҳу амну ободӣ.
Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав,
Саросар кишвари бахту саодат олами шодӣ!


22.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.