734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Истиқболи ҷавонон аз Соли ҷавонон

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” зиёда аз 400 нафар ҷавонону варзишгарон ва волонтёрони Кумита ҷараёни ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ мустақиман тариқи экрани калон тамошо намуданд.

Зеро ҷавонон ба хубӣ дарк менамоянд, ки Паёми Пешвои миллат сармашқи зиндагии мардуми тоҷик, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, роҳнамои миллат ва бахусус ҷавонон буда, онҳоро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Ҷавонон ифтихор ва сарбаланд аз буданд, ки дар Паёми имсола дар баробари мавриди таҳлил қарор гирифтани масъалаҳои ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд буда бо ташаббуси Сарвари кишвар соли 2017 дар Тоҷикистон  Соли ҷавонон эълон гардид.

Баъди ба анҷом расидани ироаи Паёми Сарвари давлат иштирокчиён аз мӯҳтавои он бо изҳори таассуроти нек қадрдонии сатҳи олии Пешвои миллатро нисбат ба ҷавонон ҳамчун таваҷҷуҳи беназир арзёбӣ намуда, ба гурӯҳҳо тақсим шуда, аксияи ҷавононро таҳти шиори “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” доир намуданд.

Ҷавонон сокинону меҳмонони пойтахтро бо ин рӯзи фархунда шодбош намуда, миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат иброз дошта, бо рӯҳияи болида ва идона нишони сарисинагии “Ҷавонон -пайрави Пешвои миллат”, маводҳои иттилоотию тарғиботӣ ва тақвими кисагӣ (календар) бо акси Пешвои миллатро ба онҳо тақдим намуданд.

Аксияи мазкур то чорроҳаи маркази савдои «Садбарг» идома ёфта, дар он ҷавонон дар кӯчаҳо ва нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба мардум маводҳои тарғиботиро тақдим намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар назди бинои Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” аз ҷониби ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе намоиши китобҳои Пешвои миллат баргузор карда шуд.

Инчунин, зиёда аз 6000 ҷавонони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро дар толорҳои кушоду барҳаво сарҷамъона тамошо намуда, баъди анҷоми он дар кучаву хиёбонҳо аксияи ҷавонон зери унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” – ро доир ва ба шаҳрвандон маводҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.

Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар Аксияи ҷавонон бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ҷамъбаст карда шуд.

 


22.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.