734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонон бояд сиёсатро дарк кунанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид. Табиист, ки ин ба аксари давлатҳое, ки мехоҳанд аз нооромии Тоҷикистон манфиат бардоранд ва ё аз нобасомониҳои кишвари мо манфиатдор буданд, бад мерасад. Аз ҷониби дигар, канданиҳои фоиданоки кишвар, ашёи хоми саноатӣ, захираҳои энергетикӣ, оби ошомиданӣ, нерӯи арзони корӣ ва бозори маҳсулоти истеъмолӣ таваҷҷуҳи аҷнабиёнро ҷалб мекунад ва онҳо мекӯшанд, то барои ба даст овардани ин ҳама бо ҳар баҳонае дар шуури мардум, махсусан насли ҷавон ҳисси кинаву нафратро бедор кунанд ва онҳоро аз мақсади эъмори як давлати сирф миллӣ канор баранд.

Мутаассифона, ҷавонони нохудогоҳу камдониш ва дур аз сиёсату “бозиҳои сиёсӣ”-ро бо роҳу воситаҳои гуногун ба чанги хеш дароварда, дар саҳнаи набардҳои мусаллаҳона ҳамчун “лухтак” истифода мебаранд. Дар мисоли гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” метавон инро муайян кард, ки мувофиқи маълумоти расмӣ 1100 нафар ҷавони тоҷик дар набардҳои мусаллаҳонаи мамолики Ироқу Сурия дар сафи ҷанг қарор доранд. Яке аз роҳҳои дигаре, ки ба зиракии сиёсӣ ва ҳушёриву хештаншиносии ҷавонон лакнат ворид месозад, тариқи сомонаҳои интернетӣ саргарм кардани ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор аст. Мутаассифона, ҷавонон дарк намекунанд, ки вақти зиёд ва қимати хешро дар сомонаҳои интернетӣ паси ҳар гуна бозиҳову машғулиятҳои бесамар сипарӣ менамоянд. Ин чанде аз зуҳуроти ташвишовар дар ҷаҳони имрӯз аст, ки бояд сари ин масъала ҳар ҷавони тоҷик андеша намояд ва бояд донанд, ки барои аз миён бурдани давлату миллат манфиатхоҳон аввал тафаккури ҷавононро дигар мекунанд. Вақте ҷавонон майл ба гурӯҳҳои ифротӣ мекунанд ва ё соатҳо паси ҳар гуна корҳои ношояманду дар сомонаҳои интернетӣ машғули бозӣ мегарданд, албатта аз сиёсат ва корҳои ҷамъиятӣ канор мераванд.

Ҷовононро ҳамеша нерӯи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат унвон мекунанд. Тоҷикистон, ки имрӯз аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас бояд ҷавонон нерӯи пешбарандаи сиёсӣ бошанд. Ҷавоне, ки аз сиёсат канор меравад ва аз масоили сиёсии дохилу хориҷ огоҳ нест, чӣ гуна метавонад дар бартараф кардани мушкилоти печидаи сиёсиву фарҳангии миллати хеш саҳм гузорад? Бе иштироки фаъолонаи нерӯи бузурги ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатеро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷрибаи таърих низ баёнгари он аст, ки ҳеҷ таҳаввулоти чашмгир дар гӯшаву канори олам бе ширкати ҷавонон сурат нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Табиист, ки бо мурури вақт як насл пир мешавад ва бояд насли дигар давомдиҳандаи кори пешиниён бошад. Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд мекунанд, ки: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”

Такя кардани Ҳукумат ва Сарвари давлат ба насли ҷавон бесабаб нест. Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки имрӯзҳо бо талошҳои пайваста ва ҳамаҷонибаи Ҳукмати ҷумҳурӣ баҳри  ҳарчи намоёнтар кардани чеҳраи ҷавонон дар олами сиёсат як қатор тадбирҳои судманд ва саривақтӣ андешида шуда истодааст. Дар мисоли курсҳои лидерӣ дар назди донишгоҳҳо, маъракаҳои сиёсӣ баҳри бедории ҷавонон ва форуму конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалие, ки дар саросари кишвар баргузор мегарданду ба ҳаёти ҷавонон бахшида мешаванд, ба зиракии сиёсии ҷавонон таъсири амиқ хоҳанд гузошт ва бидуни ҳеҷ шакку шубҳа ин ҳама ба ҷавонони мо дарси сиёсат меомӯзонанд ва хушбахтона, кам нестанд ҷавононе, ки майл ва гароиш ба сиёсатро доранд.

Дар воқеъ, рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ва иҷтимоӣ ба он вобастагӣ дорад, ки насли ҷавон ва махсусан донишҷуён чӣ қадар малакаи аз бар намудани дониш ва ҷаҳонбиниро дороанд ва зиракии сиёсии онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад. Дар ҳамин замина метавон рушди стратегии ояндаи давлату миллатро ба нақша гирифт ва боварӣ ҳосил кард, ки ояндаи давлату миллат чӣ миқдор пешраванда аст. Перомуни ин масъала сиёсатшиносон ва аксари фаъолони ҷомеаи шаҳвандӣ бар он назаранд, ки ҷавонон бояд аз нигоҳи сиёсӣ ба камол расида бошанд ва дар бархурдҳои ҷаҳони имрӯза фаъолӣ ва зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд. Чун дар ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) ва бархурди тамаддунҳо дар авҷ аст ва ба қавли муҳаққиқон ҳар лаҳза эҳтимоли аз байн рафтани як тамаддун ё фарҳанг дар миён аст, бояд аз ҳама ҷиҳат ҷавонон фаъоливу зиракиро пайгир бошанд, то нигаҳдорандаи фарҳангу тамаддун ва билохира миллату давлати азизи хеш гарданд.

Манбаъ: – See more at: http://javonon.tj/news/youth/avonon-boyad-siyesatro-dark-kunand/#sthash.VNFN8LkC.dpuf


16.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.