73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фаввораҳои Душанбе мисли фаввораҳои Барселона аст

Елена Прус аз хурдӣ саёҳатро дӯст медорад ва то ҳол ба чанд давлати ҷаҳон сафар намудааст. Ӯ шаҳрванди кишвари бо мо дӯсти Белорус мебошад. Елена дар Агентии миллии иттилоотии Белорус “БелТА” ба ҳайси хабарнигор кор мекунад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сайёҳӣ ва Фестевали мероси Роҳи Абрешим “Рангоранг” бо як гурӯҳ рӯзноманигорони ИДМ ба Тоҷикистон омада, аз сарзамини биҳиштосои мо дидан намуд. Елена пас аз он ки ба кишвари худ баргашт, таассуроташро чунин иброз дошт:

“Дар даврони донишҷӯӣ, ки он замон мо ҳама шаҳрвандони як давлат будем (Иттиҳоди Шӯравӣ), оид ба Тоҷикистон камтар маълумот доштам. Он ҳам бошад, фақат дар бораи қаторкӯҳҳои Помир буду халос. Пеш аз сафар ман аз дӯстонам доир ба кишвари шумо – Тоҷикистон маълумот гирифтам. Аммо на ин тавре ки ман бо чашмам дидам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки дар хиёбонҳо ва кӯчаҳои шаҳрҳои шумо шомгоҳон сайру гашт накунам. Аз меҳмонхона бе роҳбалад берун наравам. Гуфтанд, ки мардуми он ҷо ҳама бекоранду дар ҳиёбонҳо сигоркашиву майнӯшӣ мекунанд ва монанди ин маълумотҳо доданд. Вақте ба Тоҷикистон рафтам, фаҳмидам, ки он ҳама маълумот дурӯғ будаанд”.

Ин сайёҳи белорусӣ аз пазироӣ ва лутфу муҳаббати тоҷиконаи мо ба ваҷҳ омада, чунин мегӯяд: “Вақте ки ба Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе фаромадем, моро бо чеҳраи кушод ва симои тоҷикона намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешвоз гирифтанд. Тариқи автомашинаи сабукрав мо аз фурӯдгоҳ то меҳмонхона рафтем. Аз ободии шаҳри Душанбе ба ҳайрат афтодам. Фаввораҳои зебо, хиёбонҳои равшан, сайёҳону меҳмонони зиёд касро мафтун мекунад. Ҳамин ки ба меҳмонхона расидам, дар ҳол ба дӯстонам, ки ба ман маъумоти нодуруст дода буданд, дар тамос шудам. Ба онҳо нодуруст будани маълумоташонро гуфтам. Баъди баргаштан аз сафар дар ду шумораи рӯзномаи “7 рӯз” мақолаҳо оид ба Тоҷикистон навиштам, ки он метавонад ба ҷалби сайёҳони Белорус ба Тоҷикистон мусоидат кунад”.

Елена бо хушнудӣ аз сафараш ба Тоҷикистон қисса карда, зебоиҳои кишвари азизамонро чунин васф кард: “Ростӣ, мафтуни шаҳри зебои Душанбе гардидам. Ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ дар хиёбонҳо аввал аз фаввораҳои зебои шаҳр, ки монанд ба фаввораҳои шаҳрҳои азими ҷаҳон – Дубай ва Барселонаанд, ҳаловат бурдам. Баъдан аҳромҳои бузург, ки аз харбузаву тарбуз сохта шуда буданд маро дар ҳайрат гузоштанд. Чор рӯзе, ки дар Тоҷикистон будам, аз лаззати меваҳои шаҳдбор ва хӯрокҳои лазизи он ҳаловат бурдам. Маззаву лаззати харбузу тарбуз, себу нок, нону оши тоҷикӣ, самбӯсаву қурутобро то охири умр аз хотир намебарорам. Дар рӯзи дуюми сафар мо ба Қалъаи Ҳисор рафтем ва аз осорхонаи он дидан кардем. Аз таърихи бою ғании тоҷикон маълумоти зиёд гирифтем. Баъдан ба Варзоб рафта, доир ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем. Маълум гардид, ки Тоҷикистон барои қабули сайёҳони хориҷӣ омода буда, ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамчунин, мо дар шаҳри Душанбе майдони “Дӯстӣ”, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Нишони давлатӣ ва Кохи Наврӯзро тамошо кардем. Ҷолибтар он буд, ки мо Парчами калонтарини дунёро, ки дар шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, аз наздик дидем. Тасмим дорам, ки бо даст додани фурсат боз ба Тоҷикистон равам”.

Манбаъ: http://javonon.tj/news/turism/favvora-oi-dushanbe-misli-favvora-oi-barselona-ast/


16.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.