73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2017 муайян гардиданд

11 декабри соли ҷорӣ дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо ширкати роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои маҳаллӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ташкилотҳои система ва мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 доир гардид.

Дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016, самтҳои афзалиятноки фаъолият, нақшаву барнома ва дурнамои фаъолияти Кумита барои соли 2017 ва инчунин як қатор масоили дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2016 гузориш дода, саҳми волонтёрони Кумитаро дар баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолият ва дастоварду камбудиҳои ҳар се соҳа дар соли 2016, аз ҷумла иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ, омодагии соҳа ба зимистони солҳои 2016-2017 мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифта, ишора гардид, ки кулли дастоварди соҳадарсоли ҷорӣ аз натиҷаи фаъолияти ҳамгироӣ бармеоянд.

Раиси Кумита А.Абдуллозода баъди таҳлилу баррасӣ ва муҳокимарониҳо таъкид доштанд, ки имрўз масъулияти кормандони соҳа дар ҳар се самт бояд бештар аз пештар буда, ҷиҳати самаранокии кор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва аҳолӣ бояд дар тарбияи насли бофарҳангу босавод ва огоҳу масъулиятшинос, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба кишвар пайваста чораҳо андешида шаванд.

Дар фарҷоми ҷаласаи ҳайати мушовара барои натиҷаҳои хуби фаъолияти меҳнатӣ, иҷрои босифати уҳдадориҳои мансабӣ кормандони зерини сохтор бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ карда шуданд:

Кормандоне, ки бо Ифтихорномаи Кумита мукофотонида шуданд:

  1. Мирзоев Иброим Холмуродович – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон;
  2. Солеҳов Фатҳуддин Ҳусенович – директори КВД “Маркази миллии имконоти ҷавонон”;
  3. Абдуллоев Самандар Астонақулович– директори КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон”;
  4. Гулова Адиба Ҷабборовна – мудири Бахши кор бо кадрҳо;
  5. Соҳибов Акмал Истамович – мудири Бахши таъминоти ҳуқуқ;
  6. Раҳимов Шоҳзод Абдулфатоҳевич –мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон
  7. Сатторова Мунаввара Алиакбаровна – собиқ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар

Кормандоне, ки бо Сипосномаи Кумита сарфароз гардонида шуданд:

  1. Маҳмадализода Абдулло Маҳмадалӣ –муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш
  2. Маҷидов Холмаҳмад –сармутахассиси Шуъбаи молия ва ҳисобдорӣ;
  3. Толибзода Нодира Мирзораҳим – сармутахассиси Шуъбаи умумӣ ва назорат;
  4. Қурбонов Абдукарим Абдухолиқович–сармутахассиси Раёсати рушди туризм;
  5. Айниддинов Баҳриддин–мутахассиси пешбари Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ;
  6. Розиқов Дилошӯб Мирзоқулович –мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон;
  7. Қурбонов Сулаймон Ҷурахонович – муовини директори КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон”;
  8. Субҳонов Бобосодық Ҷӯрақулович – мудири Бахши ҷавонон, варзишва сайёҳии ноҳияи Шаҳринав;
  9. Ҳасанов Насимҷон Ҳомидович – мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур;
  10. Азиззода Маъруфҷони Абдуғаффор – мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат;
  11. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович –мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
  12. Маъруфзода Маъбуд – мутахассиси пешбари Бахши ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд;
  13. Ҳукматуллоев Музаффар – мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон;
  14. Исматуллозода Ҷамолиддин Қарахӯҷа-мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон;
  15. Каримов Айдарбек – мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мурғоби ВМКБ;
  16. Шокаримов Гулкарим – сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз;
  17. Баротов Дилнавоз Холович– директори Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба теннис»;
  18. Ҷалолов Шералӣ–корманди Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”;
  19. Муассисаи давлатии “Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов”;
  20. Муассисаи давлатии “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон”;
  21. Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи И.Ҳасанов”

Доир ба ҳар як масъала қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

 


14.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.