734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, Сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

http://khovar.tj/2016/12/safari-davlatii-peshvoi-millat-ba-um-urii-demokratii-sotsialistii-shri-lanka/


12.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.