734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон таҳти унвони “Волонтёрӣ шараф аст!”

14 декабри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон таҳти унвоӣ “Волонтёрӣ шараф аст!” баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Клуби волонтёрони Тоҷикистон, Маҳфили стипедиатҳои ҷавон, волонтёрони фаъол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни Ҳамоиши мазкурро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, иброз дошт, ки Шумо – ҳамчун волонтёрони ташаббускору навовар метавонед бо кору пайкори намунавӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию суннатӣ, ҳурмати калонсолон, бахусус падару модар, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, дӯстию, рафоқат, ору номуси ватандорӣ ва ҳисси меҳанпарастиро дар ниҳоди ҳамсолону ҳамкасбони худ талқин созед.

“Таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол далели таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Шумо ва фаъолияти содиқонаву фидокоронаатон мебошад” –  афзуд А.Абдуллозода.

Сипас, Каримҷон Салимов роҳбари Клуби волонтёрони Тоҷикистон дар назди КҶВС, Саъдулло Юсупов роҳбари Маҳфили стипедиатҳои ҷавон, намояндагони кууби ВМКБ вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт ба сухан баромада оид ба мушкилот, дастовардҳо ва  нақшаҳои оянда суханронӣ намуданд.

Баъди нисфирӯзии 4 декабр иштирокдорони ҳамоиш ба Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов ташриф оварда аз  намоишномаи “Замоне барои ишқ” дидан намуданд.

Бегоҳии ҳамин рӯз бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, волонтёрон ва ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон “Шоми дӯстӣ” доир гардид, ки дар он аз ҷониби волонтёрон барномаи тетарикунонидашуда пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Субҳи 5 декабр дар Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” чорабинии фарҳангӣ – маърифатӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, волонтёрон, гирадагони стипендияи Президентӣ, ҷавонони фаъол ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бори дигар ҳамаи волонтёронро бо ҷашнашон шодбош намуда, барои саҳмгузори дар баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ-маърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуда, ба якчанд нафари онҳо “Сипоснома” тақдим карда шуд.

Инчунин ба гирандагони стипендияи Президентӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия дода шуд. Волонтёрони фаъол, ки синнашон аз 18 сола боло бо хоҳиши худ ба сафи ҲХДТ шомил гардида буданд, аз ҷониби Раиси Ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” – и ҲХДТ шаҳодатномаи узвият ба ҳизб дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Дар охири чорабини барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бояд қайд кард, ки аз соли 1985 бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар давлатҳои аъзои ин ниҳод ҳамасола 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда мешавад.


05.12.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.