734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Боздид аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин боздид ба амал оварданд.

Маҷмааи варзишӣ аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гуштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои толори барҳавои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Бинои Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 – и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Маврди зикр аст, ки ба хотири рушди соҳаи варзиш дар саросари ҷумҳурӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдону толорҳои зиёди муосири варзишӣ бо ҳазорҳо ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар иншоот бунёд шудаанд, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба ин соҳа мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи муосири бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин ва ба як маҷмааи бузурги варзишӣ табдил додани он ба масъулини соҳаи варзиши кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

Манбаъ: http://prezident.tj/node/13490


10.11.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.