734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Зебои офар

Зебои офар

Санъати наққошӣ, ки гузаштагони мо ба он машғул буданд, дар замони муосир хеле пеш рафтааст. Ҳунармандонигулдаст,ин ҳунариаҷдодиро аз даст ба даст то замониморасондаанд.Имрӯз низнаққошировасеъистифодамебаранд.

Аз тамошои нақшҳои Кохи Сомон, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, маркази “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, меҳмонхонаи «Серена-Душанбе”, Кохи Наврӯз ҳаловат мебарем ва гумон мекунем, ки ҳатман устоҳои хориҷӣ дар сохтани он саҳм доранд. Аммо хато мекунем. Ин ҳама зебоиҳоро устоҳои тоҷик офаридаанд. Аниқтараш ҳунарманд ва наққоши маъруфи кишвар Маҳмадкарим Рақибов.

Ҳунар ба инсон бузургию шоҳомат бахшида,ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурдани бобаст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Маҳмадкарим Рақибов соли1956 таввалуд шудааст. Мехост рассом ва наққоши хуб шавад. Бо шавқу рағбати беандоза рӯи авроқи сафед зебоиҳои диёрро тасвир мекард. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии  ба номи Мирзораҳмат Олимов мебошад.Баъд аз хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳсоли 1979 дар ноҳияи Вахш фаъолиятро оғоз намуда,бо хоҳиши худ ба Фонди бадеии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

М. Рақибов дар давоми фаъолияти худ чандин биноро бо тарзу услуби қадимаи тоҷикӣ наққошӣ намудааст.ОроишиКохи фарҳангишаҳри Кӯлоб (соли 1982),бинои маъмурии колхози Победа дар Душанбе (1985), чойхонаи ноҳияи Ванҷ (1986), клуби ноҳияи Панҷ(1987-1988),колхози Москва дар Ҷумҳурии Узбекистон (1988-1989),театри Лоҳутӣ (1991), бинои 8-уми Шурои вазирон (1996), бинои кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе (1997-1998) маҳсули  дастониӯ ба ҳисоб мераванд.Дар баробари ин ҳама кӯшишу заҳматҳо устод дар ҳамаи намоишҳои фарҳангӣ бо асар ва корҳои эҷодӣ иштирок намудааст. Соли2012 дар Фаронса, соли 2013 дар Қазоқистон, соли 2014 дар Туркманистон ҳунару санъатва фарҳанги ғании тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.Инчунин, соли2015 дар Осорхонаи миллӣ,дар бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, соли 2014 дар Кохи Борбад, 12 марти соли2016 дар Китобхонаи миллӣ, 18 марти соли 2016 дар Кохи Борбад,ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва Рӯзи Истиқлолиятасарҳояшро ба намоиш гузошта, аз тарафи бинандагон баҳои баланд гирифтааст.

М. Рақибовимрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шогирдон дарс мегӯяд,инчунин дар Академияи Бунёди мусаввирии Тоҷикистон нозукиҳои ин ҳунари аҷдодиро ба шогирдон ва хоҳишмандон меомӯзонад.

Писари хурдии устод Каримзода Комрон касби падарро интихоб кардааст, бо роҳи падар меравад,дуои падарро мегирад. Ҳоло дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таҳсил дорад.

Албата дуруст аст, ки ҳунар инсонро воломақом месозад. Устод ин ҳунарро аз худ ба фарзанд, аз фарзанд ба фарзанд, ба ояндаҳои дигар бурда мерасонанд. Корҳои эҷодии устод дар китоби санъати тасвирии Тоҷикистону Туркия чоп шудааст. Асарҳои машҳури устод «Рамзи ишқ», «Чакан дар наққошӣ» ва ғайраҳо ба шумор мераванд.


10.06.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.