734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Миёни ҷавонони шаҳри душанбе масъалаи шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди президенти ҷумҳурии тоҷикистон баррасӣ

13393325_501360050058579_828256891_n-300x225

Дирӯз, 10 июли соли 2016 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи сиёсиву ҳуқуқӣ,  фарҳангиву маърифатӣ ва ватандӯстӣ, фаъолгардонии ҷавонон дар ҷарайёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ  мизи мудаввар бо иштироки ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мизи мудавварро сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе А.Саймуддинов оғоз намуда, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин атрофии масалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон суҳбат намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади татбиқи Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, ҷамъиятҳои илмию таълимӣ ва касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватандӯстӣ ва зиракии сиёсии насли наврасу ҷавон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳо таъсис гардида, имрӯз фаъолият доранд.

Дар мизи мудавввар сараввали масъалаҳои дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гашта, мавриди муҳокимаву баррасии масъулин қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи авали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои ҷавонон ва сиёсати босамари давлат дар соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхориҳои хоса зоҳир намуда, мавқеи ҷавононро ҳамчун  қувваи бузург ва пешбаранда дар татбиқи сиёсату ҳадафҳои созандаи мамлакат арзишманд арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо низ метавананд барои татбиқи босмари сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳал мусоидат намоянд.

Ҷавонон вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҳаётии худ, ки ҳаллу фасли онҳо  ба ҷаласаҳои шуроҳои кор бо ҷавонон дар  сатҳи маҳал  рабт дорад, андешаронӣ намуда, таклифу пешниҳоди худро барои ба инобат гирифтан дар  ҷаласаҳо пешниҳод намуданд.


14.06.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.