734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷоми Президент насиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов гардид

11148220_1214045625354287_6794494444662746135_n-300x225

Дар даври финалии сеюмин Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо” варзишгари маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо рақибаш Александр Вахавяк аз Ҷумҳурии Белорус рақобат намуда, ғолиб баромад.

Ҳамин тавр ҷои аввал насиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон), ҷойи дуввум Александр Вахавяк (Белорус) ва ду ҷои сеюмро Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Сантяго Алварес (Куба) соҳиб гардиданд.

Дар маросими пушидашавии сеюмин Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо”, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба ғолиби ҷои аввал Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо ва маблағи калони пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ғолибони ҷои дуввуму севум низ бо медал ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур варзишагрони 15 кишвари ҷаҳон, аз қабили Тоҷикистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Миср, Муғулистон, Италия, Куба ва Юнон иштирок намуда, барои «Ҷоми Президент» дар вазни мутлақ миёни ҳам рақобат намуданд.

Масъулин мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкурро тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди ин намуди варзиш мебошад, арзёбӣ карданд.

Дар мусобиқа, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон доир гардид. бештар аз 40 паҳлавон ширкат варзиданд.
Мусобиқаи мазкур аз соли 2013 ҳамасола бо иштироки доираи васеи паҳлавонони Осиёву Аврупо, Африқову Амрико гузаронида мешавад.


06.10.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.