734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Аввалин олимпиадаи байналмилалии Ҳаракати олимпӣ

olympic_009-300x225Аз 24 то 29 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ байни давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе  якумин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ байни ҷавонони ин давлатҳо баргузор мегардад.
Наздик ба 60 нафар иштирокдорони Олимпиада, ки ҷавондухтарон ва ҷавонписарони синни  аз 18 то 25 соларо ташкил медиҳанд, аз 8 ҷумҳуриҳои ИДМ -Армения, Белорусия, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Украина ва Ўзбекистон дар ин чорабинӣ иштирок менамоянд.
Мақсади Олимпиада ин омўзиши ҳаматарафаи таърихи пайдоиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ, ақидаҳои асосӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва сулҳу дўстӣ байни  миллатҳои давлатҳои аъзо мебошад.
Ба Барномаи Олимпиада  тест (250 савол) оид  ба таърихи рушди Ҳаракати олимпӣ, аз таърихи дунёи қадим то имрўз ва мусобиқаҳо аз панҷ намуди варзиш: дав  дар масофаи 100 метр, дав дар масофаи  1000 метр, ҷаҳиш, дар турник боло бардоштан (ҷавонон) ва афшурдан аз курсӣ (духтарон), инчунин  усутвории  пресси бадан дохил мешаванд.
Ба ғолибон, ҳам мутлақан ва ҳам дар санҷиши даставӣ медалҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.


20.08.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.