734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шуморо ба варзиш даъват менамоем!

image-3-300x225

Бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун рӯзи варзиш ва солим гардонии аҳолӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ субҳи имрӯз кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система, мактабҳои варзишӣ, дӯстдорону алоқамандони варзиш, ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим бо ҷалби васеи сокинон дар назди Кохи Ҷомӣ ҷамъ омада, марафони давро доир намуданд.

Ширкаткунандагони марафон аз назди Муҷассамаи асосогузори давлати тоҷикон Исмоилӣ Сомонӣ тавассути хиёбонӣ марказӣ то назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ давида, дар саҳни он машқҳои пагоҳирӯзиро анҷом доданд.

Дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим тараннум меёбад, рў овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст.

Минбаъд ин иқдом ҳар ҳафта бо иштироки васеи сокинон доир карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳамаи ҷонибдорони тарзи ҳаёти солимро ба варзиш даъват менамоем!


08.08.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.