734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таҳти раёсати Абдуллозода Аҳтам Рустам – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори Шӯро оғоз бахшида, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, саҳми олимони ҷавони тоҷикро дар рушди илми кишвар муҳим арзёбӣ намудан.

Дар ҷаласаи Шӯрои оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2017 – 2019 раиси Шурои олимони ҷавони Тоҷикистон Аҳлиддин Саймуддинов гузориш дода, дастовардҳои аъзоёни Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистонро дар ин давра бесобиқа унвон намуд.

Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимони ҷавони кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар самтҳои мухталифи илм дастовардҳои назаррасро соҳиб гардиданд.

Дар ҷараёнӣ баргузории Шурои олимони ҷавони кишвар бо тарафдории зиёди аъзоёни Шӯро ва иштирокдорони ҷаласа раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон Рустам Наботӣ таъин гардид.


05.11.2019 Нет комментариев