734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо ҷавонони фаъоли Данғара

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Данғара, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳияи Данғара ва омӯзгорони ҷавони ноҳияи мулоқот намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз намуданд, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тамоми имкониятҳои замони муосир фароҳам оварда шуда, ҷавононро мебояд аз ин имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода намоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи олии тамаддунофарии миллати тоҷик буда, дар он орзую омол, таърихи ҳазорсола ва арзишҳои миллию давлатдорӣ нуҳуфтааст. Ин санади тақдирсози миллат бо талошҳои хастанопазир ва роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, дар қатори панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон шомил мебошад. Ин санади таърихӣ барои беҳбуд бахшидани шароити зиндагӣ, таҳким ва устувории ваҳдату истиқлолият ва арзишҳои бузурги давлатдорӣ заминагузорӣ намуда, халқи тоҷикро ба рӯзи саодат расонидааст – зикр намуд Абдуллозода Аҳтам.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯён ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таклифу пешниҳодҳо ва суолу ҷавоб доир гардид.

Ҳамзамон, дар охир ба як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия сипосномаи Кумита сарфароз гардонида шуд.


05.11.2019 Нет комментариев