734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар олимон ва муҳаққиқони ҷавони кишвар, коршиносони ҷавон ва ҷавонони фаъоли кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара меҳмононро ба ноҳияи Данғара хушомадед гуфта, ба кори мизи мудаввар мувафаққият таманно намуданд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза зимни суханронии хеш иброз намуданд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои душвори таърихии миллати тоҷик таҳия гардида, арзишҳои муҳими ҷомеа ва арзишҳои бузурги инсониро дар бар мегирад. Конститутсияи мо – шиносномаи аслии миллати тоҷик буда, дар он арзишҳои давлатдории миллии тоҷикон ва арзишҳои миллии миллати тоҷик дарҷ гардидааст. Риоя ва эҳтироми ин санади муҳим барои ташаккули минбаъдаи давлатдории миллӣ заминагузорӣ намуда, ин китоби сарнавиштсози миллат шаҳодати бузургии миллати тоҷикро далолат мекунад.

Зикр гардид, ки дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ҷаҳонбинии солими афроди миллат ва ҳидоят намудани ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ бо вусъати тоза ба роҳ монда шуда, дар ин росто ба масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон чун яке аз самтҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷӯҳи мпхсус зоҳир карда мешавад.

Дар кори мизи мудавар вобаста ба мавзӯъҳои “Нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷавонон”, “Худшиносии миллӣ омили инкишофи ҳисси ватандӯстии ҷавонон”, “Тарғиб ва гиромидошти арзишҳои миллӣ – рисолати мо ҷавонон”, “Ифтихори ватандорӣ дар “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ” ва ” Ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ баромадҳо шуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва ғояҳои ватандӯстона таклифу пешниҳодҳо шунида шуд.


05.11.2019 Нет комментариев