734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 25 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша чорабиниҳои худро ба тасвиб расонид, ки аз силсила чорабиниҳои гуногуни маърифати фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва мусобиқаю чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Дар ин замина аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудаааст, ки бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои кишвар доир карда мешаванд.

Мусобиқаҳои мазкур, алакай оғоз гардида, дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ ҷараёни баргузории марҳилаи аввал ва дуюми он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилотҳову минтақаҳои кишвар бомаром идома доранд.

Баргузории мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои варзиши сабук, гӯштин тарзи озод, дзюдо, самбо, юнону румӣ, гӯштини миллӣ, таеквондо, каратэ – до, футбол, тенниси рӯйи миз ва ғайраҳо доир карда мешавад.


04.11.2019 Нет комментариев