734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар танури дили мо кулчаву нони Ватан аст!

Нимаи дуюми имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабию фарҳангӣ таҳти унвони “Дар танури дили мо кулчаву нони Ватан аст!” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии адабӣ бо иштироки волонтёрон таҳрезӣ карда шуда, компазитсияҳои адабӣ, шеъру таронаҳои ватандӯстона, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва рақсҳои ҷазобу дилнишин ба намоиш гузошта шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи миллати тоҷик буда, дар он рамзу суннатҳо, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷик таҷассум ёфтааст. Ин китоби саодати миллат бо талошҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, дар рӯйхати даҳногаи беҳтарини конститутсияҳои ҷаҳон ҷойгир мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар душвортарин лаҳзаҳои ҳасоси таърихии миллати тоҷик таълиф гардида, нозукиҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷикро дар бар гирифта, яке аз беҳтарин Конститутсияҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Мо ҷавонон бояд барои нигоҳдошти сохти конститутсионии кишвар, устувории унсурҳои амалишавии Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавони кишвар ва таҳкими ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавонон талош намоем, арзишҳои бузурги миллию давлатиро ҳимоя намуда, баҳри ҳифзи марзу буми давлатӣ синаи хешро сипар намоем – зикр намуданд раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам.


04.11.2019 Нет комментариев