734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳимояи марзу буми давлатӣ ва арзишҳои миллӣ рисолати мост!!!

Дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти мададгори мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархор ва М.Ҳамадонии вилояти Хатлон дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 25 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти масъулини Кумита бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ доир гардид.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳифзи якпорчагии меҳан ва нигоҳдошти оромиву осудагии кишвар ин аз ҷавонмардиву далерӣ ва шуҷоати Шумо афсарону сарбозонӣ кишвар  дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо фароҳам оварда шудаааст ва ҳимояи арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар вазифаи ҷавонмардии ҳар як сокини кишвар аст.

Барои хизмати содиқонаву софдилона, ҳимояи арзишҳои миллию давлатдорӣ ба 50 нафар сарбозону афсарони кисмҳои низомӣ сипосномаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Кумита ба қисмҳои низомӣ як қатор лавозимотҳои варзишӣ тақдим карда шуд.


01.11.2019 Нет комментариев