734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии муассисаҳои варзишии вилояти Хатлон

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2019 -2020 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо фаъолияти кории муассисаҳои варзишии вилояти Хатлон ба 25 шаҳру ноҳияи вилоят сафар намуданд.
 
Гӯруҳи кории Кумита зимни шиносоӣ аз муассисаҳои варзишии вилоят бо ваъзи омодагии муассисаҳои варзишӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ аз наздик ошно гардида, бо раванди машқу тамринҳо ва баргузории марҳилаҳои шаҳриву ноҳиявии мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардида, ваъзияти омодагӣ ба мавсими ҳимистонгузарониро дар ин вилоят хуб арзёбӣ намуданд.
 
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ масъулини соҳа аз марказҳои ҷавонон дидан намуда, бо ваъзи дарсомӯзӣ, баргузории курсҳои кутоҳмуддати ройгон, амалишавии барномаҳои маҳаллӣ аз наздик ошно гардиданд.
Пас аз шиносои бо ваъзи инфрасохтори соҳаи ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон 1 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мулоқоти гуруҳи корӣ бо роҳбарону масъулини кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон доир гардид.


01.11.2019 Нет комментариев