734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молияи иқтисоди Тоҷикистон доир гардид

Нимаи дуюми имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молияи ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти Абдуллозода Аҳтам Рустам бо ҳайати проффесорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор гардид.

Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи олии таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон кишвар арзёбӣ намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон имкониятҳои муосир ва инфрасохтори зарурӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Сохта ба истифода додани иншоотҳои варзишӣ, мактабҳои муосир таъмин бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва даҳҳо иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва аз бар намудани донишҳои муҳими замони муосир барои насли ҷавони кишвар мусоидат менамояд. Ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мебояд, ки илм омӯзанд, дониш аз бар намоянд, ҳамчун мутахассиси баландихтисос гардида ба Ватан – Модар содиқона хизмат намоянд. Ҷавонони кишвар бояд аз таърих, забон, фарҳанг , арзишҳои бузурги таърихӣ ва арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ ифтихор намоянд ва ҳамчун ворисони фарзандони фарзандони миллат ба Ватан – Модар хизмат намоянд – зикр намуданд раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯён ба раиси Кумита саволу пешниҳодҳо ироа гардиданд.


01.11.2019 Нет комментариев