734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Вираҷ Сингх

Имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо сафири навтаини Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синг мулоқот намуданд.

Нахуст, ҷонибҳо ҷиҳати ташрифи ҳайатҳои расмии ҷавонони ҳарду кишвар ба давлатҳои якдигар ва барои пазирооии гарму самимӣ ба зимни ташрифи ҷавонон ба якдигар изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, рушд ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташкили чорабиниҳои дуҷониба, бисёрҷониба, ба роҳ мондани форумҳои гуногун ва конференсияҳои муштарак, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва табодули таҷриба ҷавонони ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин замина ҷиҳати таъсиси инфрасохтор барои татбиқи ҳамгироии сиёсат давлатии ҷавонон, ташкили семинарҳои муштарак барои устодони варзиш ва ташкили курсҳои кутоҳмуддати таҷрибаомӯзӣ барои ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни мулоқот зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон робитаи ногустанӣ дошта, омӯзиши таърих, фарҳанг ва забонҳои кишварҳо барои ҷавонони ҳарду кишвар басо муфид арзёбӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон аз соли 1992 оғоз гардида, муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишварро беш аз 70 созишномаю ёдоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ба танзим медарорад.

Дар охир, ҷонибҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд


01.11.2019 Нет комментариев