734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шӯрои навбатии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад

8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Шӯрои навбатии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо иштироки роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ  баргузор мегардад.

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар заминаи дастур ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонӣ  ва баррасиии мушкилоту дастовардҳои ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, намояндагии маҳфил дар 16 давлати дунё фаъолият намуда истодааст.

Шӯрои навбатии маҳфил бо иштироки роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ 8 ноябри соли 2019, соати 9:00 дар бинои Душанбе – плаза доир гардида, дар он намояндагони диаспораҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кори Шӯро роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории Шӯро ин тақвияти кори маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”, ташаккул додани механизми фаъолияти кори маҳфил, баррасии дастоварду музаффариятҳои фаъолияти маҳфил дар соли 2019, натиҷагирӣ аз V – умин Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”, ки аз 12 то 16 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид ва омодагӣ ба Шӯрои умумироссиягии маҳфил, ки дар моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир мегардад, унвон дода шудааст.

Дар кори Шӯро роҳарони намояндагии маҳфил, аъзоёни фаъоли маҳфил тавассути онлайн ба кори Шӯро ҳамроҳ гардида, талифу пешниҳодҳо ва дархосту муроҷиатҳои худро баён менамоянд.


31.10.2019 Нет комментариев