734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Балҷувон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид самбо доир мегардад

Аз 2 то 3 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасони солҳои таваллудашон 2002 – 2004 баргузор мегардад.

Мусобиқаи мазкурро Собирҷон Сулаймонов сардоварӣ намуда, дар он варзишгарон аз дастаҳои Хатлон 1, Хатлон 2, Душанбе 1, Душанбе 2, ВМКБ, Суғд ва ШНТМ иштирок менамоянд.

Даври маҳаллии мусобиқаи мазкур 14 сентябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар доир карда шуда, даври минтақавӣ ва вилоятии он 6 октябри соли ҷорӣ бо доираи васеи варзишгарон доир карда шудааст.

Дар даври ниҳоӣ варзишгарони навраси кишвар барои мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамод. Дар ин давр 64 нафар варзишгари ғолибони даври вилоятӣ ва минтақавӣ барои медалҳои мусобиқа рақобат намуда, ғолибони мусобиқа имкони иштирок дар мусобиқаву чемпионатҳои байналмилалиро соҳиб мегарданд.


30.10.2019 Нет комментариев