734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба ифтихори 70 – солагии таъсисёбии факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Воқеан касби ҳуқуқшиносӣ дар таҷрибаи давлатдорӣ баҳри таъмини волоияти қонун, таҳия ва амалигардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва кафолати зиндагии осоиштаи мардум муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар иҷрои ин рисолат ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос нақши факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон басо бузург аст.

Имрӯзҳо хатмкардагони ин факултети бонуфуз дар сафи мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона кору фаъолият намуда истодаанд.

Барои ман низ, боиси шарафмандист, ки солҳои 1997-2002 дар ин боргоҳи илму маърифат сабақи касб ва зиндагӣ омӯхтам ва бо эътимоди бузург ҳамарӯза дар фаъолияти касбӣ аз он истифода менамоям.

Умедворем, ки мову Шумо минбаъд низ дар якҷоягӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони варзида дар соҳаи ҳукуқшиносӣ бо мақсади содиқона иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ, қарзи шаҳрвандй, рисолати инсонӣ ва махсусан саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат саъю талош хоҳем кард.

Бори дигар аз номи Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шумо, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва хатмкардагони факултетро ба ифтихори 70 – солагии таъсисёбии факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои басо масъулиятнок ва рисолати пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям.


30.10.2019 Нет комментариев