734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Федератсияҳои “Ушу” ва “Олимпиадаи махсус” соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ гардиданд

Федератсияи ушуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судуманд бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ташкилоти ҷамъиятии “Олимпиадаи махсус”, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо варзишгарони имконияташон маҳдуд  сару кор дорад, соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ гардид.

Шаҳодатномаҳои федератсияҳои зикргардидаро муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ тақдим намуданд.

Федератсияҳои мазкур ҳуқуқ доранд, ки то 30 октябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ин навъҳои варзиш ва дар мусобиқаҳои гуногуни ҷаҳонӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намоянд.


30.10.2019 Нет комментариев