734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ШИКАСТИ ОШКОРОИ МАЪНАВӢ ВА ҶИСМОНИИ НАҲЗАТИЁН. Ё худ таҳлили равонии як мавқеъ аз назари коршинос ва мутахассис

Дар атрофи конференсияи САҲА дар Варшава, ки моҳи гузашта баргузор шуд, намояндагони ташкилоту сайтҳои ғаразноки мухолифи сулҳу осоиштагии мамлакати мо бисёр фаъол шудаанд. Онҳо ҳар рӯз дар бораи Тоҷикистони азиз ва шахсиятҳои ватандӯст мақолаю ҷавобномаҳои пур аз дуруғу тӯҳматҳо чоп карда, инчунин ба воситаи «коммент» ё изҳори назарҳои кӯтоҳ нисбати давлату миллат таҳқир нашр мекунанд.

Номзади илмҳои таърих Икромиддин Неъматов дар ҳамкорӣ бо мутахассиси равоншинос таҳлили равонии (психоанализи) забон ва услуби маводи ин гурӯҳҳоро анҷом дода, ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст. Натиҷаи қатъии таҳлил чунин аст: мухолифини давлату миллат ҳам аз назари маънавӣ ва ҳам аз назари физикӣ пурра шикаст хӯрдаанд.

Яке аз сомонаҳои ғаразноке, ки ҳамин рӯҳияи дағал, беадабона, ғайриисломии ва пурра шикасташудаи мухолифони давлату миллатро нишон медиҳад, сомонаи интернетии «Ислоҳ.нет» («Isloh.net») мебошад. Ин сайт аз тарафи яке аз беадабтарин ва бешармтарин таблиғотчиёни идеяҳои экстремистӣ бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин идора мешавад. Ин сайт асосан таҳлилу мақолаҳои пур аз тӯҳмату даҳшати ин одами ҷоҳилро нашр мекунад. Сайри кӯтоҳе дар шабакаи интернет маълумоти бисёр ҷолиберо дар бораи саргузашти ин шахс ошкор намуд. Аммо мо фақат забон ва тарзи муҳокимаронии ин муаллифро мавриди таҳлил қарор додем.

Дар ҳафтаҳои охир як тағйироти ҷиддӣ дар фазои иттилоотӣ дар масъалаи баҳс байни намояндагони ватандӯстон ва мухолифони ватан рӯй дод, ки баъзе тарафҳои ин масъаларо маълум кард. Ин ҳолат, пеш аз ҳама аз иштироки ҳайати босалоҳияти ҳукумати Тоҷикистон дар конференсияи Варшава оғоз шуд. Намояндагони ҳайат фикру мулоҳизаҳояшонро дар бораи ин конференсия ва аҳволи мухолифин навиштанд. Мухолифин ба ҳар як навиштаи онҳо даҳҳо ҷавоб доданд.

Мазмуни ин ҷавобҳо мавзӯи як тадқиқоти алоҳида аст. Аммо мавзӯи таҳлили равонии  мо ин аст, ки ин баҳсҳо имконият дод, ки сатҳи дониш ва тарзи навиштани намояндагони гурӯҳҳои мухолиф муқоиса карда шавад. Дар натиҷа, манзараи аҷибе маълум шуд:  аз як тарафи масъала суханони боэътимод, муътадил, боадабона, аммо бисёр мантиқӣ, қатъӣ, ватандӯстонаи намояндагони ҳукумат. Аз тарафи дигар дашном, ҳақорат, туҳмат, асабоният, таҳдид аз ҷониби намояндагони мухолифон.

Барои ин кор гурӯҳҳои зархарид, хусусан Муҳаммадиқболи Садриддинро пеш андохтанд, ки дар интернет бо беадабӣ, дағалӣ, беҳаёии худ «машҳур» аст. Вай ягон меъёри инсонӣ, ягон сарҳади одобу ахлоқ, ягон қоидаи одитарини муошират, ҳатто ягон талаботи дини мубини исломро намедонад ва риоя намекунад. Дар фазои интернетӣ мисли авбошон дар кӯча дашному ҳақорату туҳмат  ба кор мебарад. Вайро «нанги ислом» ё «доғи миллат» гуфтан мумкин аст, аммо яке аз корбарони шабакаи фейсбук бо номи Алӣ Шарифзода ӯро нимшӯхию нимҷиддӣ «саги Кабирӣ» номидааст. Албатта, мо тарафдори истифодаи ин гуна ибораҳо нестем, аммо мақсади номгузор ин будааст, ки М.Кабирӣ дар бисёр масъалаҳо хомӯш мешинаду ӯро пеш меандозад. Сипас М. Садриддин  бо ҳақоратборони худаш касеро, ки лозим бошад, сиёҳ мекунад…

Бо мақсади муқоиса кардани тарзи баён ва сатҳи андешаи ду ҷониб ва махсусан, ба мақсади ошкоро нишон додани услуби махсуси Муҳаммадиқболи Садриддин ин ҷо як ҷадвали мухтасаре таҳия кардем, ки пешниҳод менамоем. Муқоисаи ин ду сабк худаш ҳами чизро маълум мекунад:

 Аз андешаҳои намояндагони ҳукумат (бештар дар мисоли андешаҳои А.Раҳнамо)   

 

 

 Аз ҷавобҳои мухолифин (асосан дар мисоли Муҳаммадиқболи С.)
Ҳузури ҳайати ҳукумат дар конфросн посухе ба ҳузури мухолифин нест.…потенсиали мухолифин бисёр заиф ва маҳдуд аст.

Паймони миллӣ як ташкилоти сунъӣ аст.

Онҳо ҳанӯз ба сатҳи мафҳуми пурмасъулияти «мухолифин» нарасидаанд.

Мухолиф будан васеътар аз нафрату бадбинӣ аст.

…манъ кардани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба маънои мадуд кардани ҳуқуқу озодиҳои динӣ нест.

Паймони миллӣ рӯкаши аврупоиест, ки бар чеҳраи ҳизби наҳзат кашида шудааст.

Мо бояд на бо шахс, балки бо падида мубориза кунем.

Фалсафаи баста шудани ягона ҳизби динӣ дар Тоҷикистон ба абзори хориҷӣ табдил шудани он аст.

Вақте сухан аз ватану миллату давлат меравад, аз муқаддасоти миллӣ меравад, мо бояд муттаҳид бошем.

…бо мавҷуди маҷозӣ музокира кардан имкон надорад.

…мухолифати он чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдат таҳдиди амалие нест.

…агар дар конфросн бо мухолифин рӯ ба рӯ шавем, салому суҳбат мекунем, фарҳанги мо, адаби миллӣ ва инсонии мо ҳамин аст.

…агар тасаввуре ҷой дошта бошад, ки давлат бо ин афрод ҳамчун бо як ташкилот музокира мекунад, тасаввури воқеъбинона нест.

…аз назари маводе, ки ба нашр медиҳанд, метавон дид, ки ҳарфҳои онҳо холиянд.

…(ҷавобҳои таҳқиромез) нишонаи надоштани ҳарф, барнома, идея барои ҷомеа аст.

 

И мегум чӣ гуфтанӣ буд?…акнун бигӯем аз тоқибасараки саркафида, то хонанда бидонад…

…ту чи гуна узви ҲНИТ ҳастӣ, ки намоз намехониву рӯза ҳам намегирӣ?

Гурбаи миски нагар пар доштӣ…

Кори ин ҳайати «рӯсурхакон»-ро чӣ гуна арзёбӣ мекарда бошанд?

Э, рӯта сиёҳ, Раҳнамои рӯсурхак…

…ту, ки моро “маҷозӣ мехонӣ, магар ламс кардиву чизе гират наомад?

…дирӯз чанд нафаре устухонат медод, онҳоро мелеседиву тамҷиду тавсиф мекардӣ, имрӯз дигарон…

        Чӣ хел ту дар ҲНИТ кор мекунӣ, ки обдасти туро надидаам, намозхониятро боре надидаам?

Абдуллои Раҳнамо бо як зарба “нокаут” ва боқимондаи тоқидораку атласпӯшакҳо ва “сотсиолог”-ҳое чун Рустам Ҳайдар ба шикасти сангин мувоҷеҳ шуданд.

…ҳолӣ мо бозгардем, ба мебинен чи хелтон мекунем!!!

…медонам ту носипос ва курнамакӣ, ҳатто ба онҳое ки туро парвариш карда буданд, хиёнат кардӣ.

Э, рӯсурхаке, чи дурӯғи андар дурӯғ?

Ин тӯтии МТС ва ин попугайи КДАМ ҳам дар ин фикр аст…

Аммо мурда-мурда эътироф ва иқрор мекунӣ… мурда мурда боз меоед.

Ман тахаллусатро гирифтам, вагарна на раҳнамо, ки кайҳост раҳгумӣ.

Пештар ҳам маълум буд, вале ҳоло таъйид шуд, ки дарду доғат пул аст.

Рустам Ҳайдари лесаку чоплус ва Абдулло Раҳнамои рӯсурхак…

Раҳнамо не, як Чаҳнамои дигар.

Савол ин ҷост, ки Раҳнамо мусулмон аст ё на хайр?

Орзуев… режимро воқеан рӯсурхаку рӯсиёҳак кард.

Ба калбуз шох надеҳ

Албатта, баъзе аз дашномҳо, таҳқирҳо ва туҳматҳои М.Садриддин ва дигарон дар ҳаққи шахсони алоҳидаро ин ҷо овардан имкон надорад, зеро фақат забони нопоки худашон метавонад онҳоро талаффуз кунад. Аммо бо муқоиса кардани намунаҳо ду тарафи ин ҷадвали мухтасар шумо метавонед бинед, ки кадом тараф дар кадом сатҳ қарор дорад. Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест, гуфтаанд.    Бо муқоисаи ин ду сатҳ як савол дар зеҳн мерасад, ки чӣ хел  касоне, ки аз номи ислом гап мезананд, дар ҳамин сатҳи паст қарор доранд? Ин ҳолат чиро баён мекунад?

Барои ёфтани ҷавоб ба ин савол мо намунаҳои назарҳои ҷониби давлат ва муаллифони мухолифро ба мутахассиси соҳаи равоншиносӣ, устоди фанни  равоншиносии ДМТ, номзади илмҳои психология   С. Умедов барои хулосабарорӣ пешниҳод кардем. Рӯзи дигар  мутахассиси арҷманд  хулосаи худро изҳор дошт, ки хеле ҷолиб буд. Равоншинос дар бораи ҷавобҳо ва тарзи суҳбату муҳокимарониҳои намояндагони мухолифин, хусусан мубаллиғи ашадии онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин чунин назари худро  пешниҳод кард:

«Дар бораи таҳлили равонии (психоанализи) ҷавобҳои типпи дуюм (мухолифон) бояд гуфт, ки аз назари илми равоншиносӣ ин тарзи муҳокимаронӣ ва ҷавоб додани шахс, пеш аз ҳама метавонад ба панҷ ҳолат вобаста бошад:

1.Надоштани тарбияи дурусти ахлоқии шахсӣ аз давраи бачагӣ (фарзанди оилаҳои майхора, бангӣ, носолим ва ғ.) ё падидаи дисбаланс.

2.Дар давраи бачагӣ дучор шудан ба садамаи рӯҳӣ (ҷанҷолҳои сахти оилавӣ, маҳрумият аз навозиш, таҳқири давомдор ё таҷовуз шудан ва ғ.), яъне ҳолати равонии стресси амиқ ва уқда.

3.Надоштани системаи арзишҳои баланди инсонӣ  ё эътиқоди динӣ, яъне ҳолати равонии надоштани эҳсоси масъулият (кризис чувства ответственности).

4.Надоштани малакаи муоширати дар ҷамъият (типпи равонии «мауглӣ» (канорагир) ё баръакс, «дикарь» — хашин)

5.Эҳсосии ботинии шикасти маънавӣ ё заъфи физикӣ (ҳолати равонии аффэкт ё ноумедӣ)»

Равоншинос ҳамчунин илова намуд, ки дар рафтори як инсон метавонад як ё чанд то аз ин омилҳо таъсир кунад. Чун гузаронидани ташхиси тиббии ин шахс феълан имконпазир нест, ба эҳтимоли зиёд муаллиф зери таъсири омили панҷум, яъне «эҳсоси ботинии шикасти маънавӣ ё заъфи  ҷисмонӣ (ҳолати равонии аффэкт ё ноумедӣ)» қарор дорад.

Албатта, равоншинос фақат дар асоси намунаҳои матнҳои хаттии М.Садриддин чунин хулоса кардааст. Аммо банда ҳамчун тадқиқкунандаи масъала метавонам илова кунам, ки агар ҳаяҷони баланд, тарзи ларзидани овоз, таассуб, доду фарёд, талаффузи таъкидшудаи калимаҳои таҳқиромез, бешармона ба забон гирифтани ҳақорату дашном ва дигар ҳолатҳоеро, ки дар маводи видеоии Муҳаммадиқболи Садриддин мушоҳида мешавад, ба назар гирем, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ба ин шахс ҳамаи он панҷ омили зикркардаи равоншинос таъсири амиқ гузоштааст.

Чунин ҳолати дисбаланси психологӣ ва бемории рӯҳии Муҳаммадиқболи Садриддинро, ки дар ҳар таҳлилу ҷавобаш маълум мешавад, олимони дигар ҳам эҳсос  ва зикр намудаанд. Публитсисти машҳури тоҷики сокини Қазоқистон Саломиддин Мирзораҳматов маводи М.Садриддинро баррасӣ карда, дар мақолаи таҳлилии худ «Ҷашн аст, аммо на ҷашни шумо…» дар ин бора чунин навиштааст: «Маводи «таҳлилӣ»-и ин инсони ҷоҳилу мутаассиб (М.Садриддин)  таҳқири рӯирости арзишҳои исломӣ мебошад ва нишон медиҳад, ки барои М.Кабирӣ ва хоҷагонаш ислом фақат  воситаи  муборизаи сиёсӣ аст. Таҳлилҳои шармовари Муҳаммадиқбол нишондиҳандаи сатҳи пасти худи Кабирӣ низ ҳаст, зеро ӯ инро сарфаҳм намеравад, ки ҳар «таҳлил»-и Муҳаммадиқбол ҳазорҳо тоҷики боақлро аз ӯ дур мекунад. Вақте шунаванда ва хонанда ин барномаҳои ҷоҳилона, фанатикӣ, холӣ ва пур аз нафрати Муҳаммадиқболро мехонад, дигар дар бораи наҳзати ислому Кабирӣ чӣ фикр ҳам кунад? Дурӯғи Муҳаммадиқбол (ҳамчун жанр) пастӣ, беҳаёӣ ва  бефарҳангӣ аст, ки пеш аз ҳама ба қалбҳои инсонҳои бемағз ва шахсони беандеша равона  шудааст…» (тарҷума)

С.Мирзораҳматов намояндаи давлат нест ва дар Тоҷикистон ҳам зиндагӣ намекунад, аммо бо таҳлилҳои воқеъбинона ва касбии худ эътибор пайдо кардааст. Бинобар ин, чунин баҳои ин мутахассиси беғараз ба «таҳлил»-ҳои М. Садриддин дуруст буда, бемории равонии ин таблиғотчии ҷоҳили наҳзатиро пурра ошкор мекунад.

Узви ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар конфронси Варшава Абдулло Раҳнамо, ки танқидҳои бисёр орому ҷиддияш боиси ҳуҷуми мухолифин гаштаанд, аз тарзи ваҳшиёнаи ҷавобу таҳқирҳои онҳо, махсусан аз ҷавобҳои М. Садриддин ҳайрон монда, дар таҳлиле чунин навишта буд: «99% ҷавобҳои онҳо дар бораи шахсияти муаллиф, шогирди кӣ будан, муносибати ман бо ин ё он шахс… Асосан таҳқиру таҳдиду гумону дурӯғ… Ман падидаро баррасӣ мекунам, онҳо гӯяндаро, ман вазъиятро таҳлил мекунам, онҳо шахсиятро… ман дурнаморо баҳо медиҳам, онҳо Раҳнаморо баҳо медиҳанд».

Дар ҳақиқат, таҳлили даҳҳо ҷавоби М.Садриддин нишон медиҳад, ки дарҳақиқат ҳамин хел аст. Онҳо дар муқобили фикру андешаи солим ягон гапи мегуфтагӣ надоранд. Ана ба ҳамин сабаб шикасти комили худро эҳсос карда, муаллифи он фикрро «сиёҳ» мекунанд, ба шахсияти ӯ ҳуҷум  меоранд.

Ба назари равоншинос С. Умедов, ин намуна нишон медиҳад, ки аз нигоҳи қонунҳои илми равоншиносӣ, мухолифин акнун ба ҳолати деградатсия ё фурӯпошии маънавӣ ва рӯҳӣ расида, системаи арзишҳояшон пурра пош хӯрдааст. Маҷмӯи рафтору гуфтори онҳо дигар ба ягон дин, эътиқод ё арзиш дуруст намеояд. Зеро рафтори онҳоро акнун на қувваи ақлу мантиқ, балки эҳсоси нафрату бадбинӣ нисбати давлату миллат, нафрат нисбати ҳар шаҳрванди озоди Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Ҳатто М.Кабирии «дипломат», ки бисёр кӯшиш мекард дар назди дурбинҳо худашро сохтакорона «ором» нишон диҳад, акнун дигар қудрати онро надошта, ба ҳамин «сабки Муҳаммадиқбол» гузаштааст. Дар бораи дигаронаш ҳоҷати гап нест. Умуман, эҳсоси шикастхӯрдагӣ ва ноумедии пурра онҳоро бисёр хашин, бешарм ва бераҳм кардааст.

Намунаи таҳлилшуда, яъне навиштаҳои пур аз ҳақорату дашном ва эҳсосоти бадбинии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамчун  мақоми таблиғоти ашадию фанатикии Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзат бар зидди давлату миллат баромад мекунад, нишондиҳандаи ана ҳамин шикасти мутлақи наҳзатиён мебошад. Зеро ҳеҷ инсони аз назари рӯҳи солим ва ягон «оппозитсия»-е, ки  ба худаш андаке эътимод ва эҳтиром дорад, ба ин тарзу услуб намегӯяд ё наменависад.

Илми равоншиносӣ исбот кардааст, ки ин тарзи баён услуби шикастхӯрдагон аст.

Икромиддин НЕЪМАТОВ,
номзади илмҳои таърих


29.10.2019 Нет комментариев