734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Тоҷикистон ғолиби Африқоро шикаст дод

Дар навиди бомдодии Тоҷикистон ҳайати тими мунтхабаи футболбозони тоҷик навиди бомдодиро ба тоҷикистониён ҳадя намуданд.

Субҳи имрӯз ба вақти Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон бозии футболи Тоҷикистон ва Камерун баргузор гардид, ки ҳисоби бозӣ 1:0 ба манфиати дастаи футболбозони тоҷик ҷамъбаст гардид.
Дар бозии мазкур дастаи футболбозони тоҷик маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, аз зарбаи ҷаримавӣ голи худро ба самар расониданд.

Ёдовар мешавем, ки тими футболбозони тоҷик ягона дастаест, ки аз давлатҳои пасошӯравӣ дар чемпионати ҷаҳон баромад намуда истодааст.

Рақибони дастаи футболбозони кишвари мо дар гурӯҳ дастаҳои пурқувватарини ҷаҳон башумор рафта, дар рақобатҳои минбаъада варзишгарони моро дастаҳои Испания ва Аргентина интизор аст.

Ин варзишгарони навраси кишвар дар майдони сабзи ҷаҳонӣ футболи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд, ки ин мояи ифтихори миллӣ ва сарбаландии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад. Бозии футболи Тоҷикистон ва Камерунро, ки субҳи имрӯз доир гардид, ҳазорҳо нафар мухлисону ҳаводорон ва тоҷикистониён дар дохил ва хориҷи кишвар тамошо намуданд.
Иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ин худ ғолибият аст!


29.10.2019 Нет комментариев