734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳама зидди таассуб ва ифротгароием

Пайдоиш ва фаъолияти яке аз ташкилотҳои тахрибкор ва ифротгаро, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриамон гардид, ин ташкилогти террористии наҳзати исломӣ аст, ки имрӯз ҳама сокинони кишвари азизамон ин ташкилотро ҳамчун ташкилоти хоину ватанфурӯш ва сиёҳкор ном мебаранд. Албатта, чунин ном бурдани ин ташкилоти ҷосусӣ сабабҳоеро дорад, ки ба ҳама мардуми тоҷик маълуманд…

Роҳбари давлат дар ҳама вохӯриҳояшон бо фаъолони соҳаҳои қишри ҷомеа таъкид менамоянд, ки вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар ҳама баромаду вохӯриҳои худ ҷавонон ва насли наврасро дар баробари риоя намудани ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ, барои азхуд кардани касбу ҳунар, омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, ба ободу зебо кардани кишвар ва баланд намудани ҳисси ватандӯстию арҷгузорӣ ба мероси бои нигон ҳидоят намоем.
Солҳои охир мураккаб гардидани вазъ дар баъзе аз мамлакатҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки амалҳои террористию экстремистӣ ба яке аз хатарҳои аввалиндараҷаи аз байн бурдани ҳаёти осоиштаи ин ё он мардуми минтақаи сайёра табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб бештар дар мамлакатҳои исломӣ ба чашм мерасад. Роҳбарони чунин ташкилоту гурӯҳҳо зери шиори дини мубини ислом баромад намуда, ба ин васила тоифае аз ҷавонону наврасонро гумроҳ намуда, ба доми фитнаву дасисаҳои нопоки худ мекашанд. Ҳар лаҳзаи фаъолияти пасипардагию ифротии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хатареро ба ҳар як фарди сулҳдӯсту ватанпараст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоварад.

Роҳандозии амалиётҳои террористӣ – эктремистие, ки ин хиёнаткорони зархарид чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ ба амал оварданд, хеле хатарнок буд, вале ҳушёриву зиракӣ ва кордонию маҳорати баланди касбии кормандони мақомоти қудратии кишварамон нагузоштанд, ки ин тахрибкорон ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Имрӯзҳо роҳбари ташкилоти террористии наҳзати ислом ва дигар пайравони гумроҳгаштааш дар мамлакатҳои хориҷа панаҳ бурда, тариқи шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хеш “натиҷагирӣ кардаву сухан” мегӯянд.

Аммо мо боварии комил дорем, ки ҳар як сокини Тоҷикистон, махсусан ҷавонони баору бонанг аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ гирифтаанд ва ба ҳама он “гуфтаю баромадҳо” – и иғвоангезонаи хоинону ватанфурӯшон фирефта намегарданд ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, пайравони ҳақиқии ватандӯст будани худро дар хизмати содиқона ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол исбот менамоянд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирӣ ва нагаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ доир гардид. Ҳамзамон оид ба он рӯзҳои мудҳише, ки фаъолияти ташкилоти террористии наҳзати ислом, ба сари миллати тоҷик овард, бори дигар ёдрас шуд.

Дар рафти суҳбату вохӯриҳо маълум гардид, ки дар маҷмӯъ, мардуми заҳматкашу фарҳангдӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати имрӯза ва дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра эътироф ва ҷонибдорӣ мекунанд.
Агар саҳифаҳои таърихро варақ гардонем ва онро бо гузашта муқоиса намоем, мебинем, ки танҳо дар 15 – 20 соли охири даврони соҳибистиқлолӣ нисбат ба солҳои собиқ давлати шӯравӣ, ин диёри биҳиштосо ба чи пешравиҳои азим, махсусан дар соҳаи маориф бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ноил гаштааст. Зикр намудан ба маврид аст, ки танҳо дар соли гузашта 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст дар мамлакат сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин иқдоми созанда дар солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт.

Боиси ифтихор аст, ки ҳар сафари кории роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба худ файзу баракати беназир дорад. Иқдоми мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иқтисодию мадании ҳаёти сокинони ҳар як шаҳру ноҳия мусоидат хоҳад намуд. Мо – маорифчиёни кишвари азизамон дар ҳар як гуфтори Пешвои муаззами миллат, ғамхорӣ ва меҳрубонию дастгириҳоро нисбати соҳаи маориф эҳсос менамоем ва ифтихор аз он мекунем, ки ҳама ин ғамхориҳои шабонарӯзӣ барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишвар нигаронида шудаст.

Аз суҳбату вохӯриҳо бо омӯзгорону хонандагон ва дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин таассурот гирифтем, ки дар самти пешгирии амалҳои номатлуб имрӯзҳо саҳми омӯзгорон ва худи хонандагон низ назаррас мебошад. Соҳаи маориф, ки бевосита ба таълиму тарбияи насли наврас ва насли ояндасоз вобастагӣ дорад, дар баробари ба шогирдон илму дониш омӯзонидан, инчунин омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳоро бо ҷалби зиёиён, олимон, ходимони дин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳру ноҳияҳо доир менамоянд. Баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон аз оқибатҳои даҳшатбори терроризму экстремизм огаҳӣ пайдо намуда, аз шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳои ифротию тахрибкор канораҷӯӣ намоянд.

Б. МУҲИДДИНЗОДА,
мудири шуъбаи педагогикаи
муқоисавӣ ва мактаби муосири
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


17.10.2019 Нет комментариев