734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 23 456 адад чорабинӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 доир гардидааст

Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушвораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2019 доир гардид.

Зикр гардид, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи эълони солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, амалигардонии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди инкишофи варзишро тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, иттилоотиву маърифатӣ, омӯзишӣ, тарѓиботиву ташвиқотӣ илмию амалӣ ва варзишию солимгардонӣ дар доираи санадҳои танзимкунандаи соҳа фаъолияти худро ба роҳ монда, дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система вобаста ба таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ва фарзандони баору номуси Тоҷикистон соҳибистиқлол дар маҷмуъ 14693 чорабинӣ бо фарогирии 2 442 409 нафар наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор карда шудааст.

Дар самти татбиқи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар ҷумҳурӣ 8 763 чорабинии варзишӣ, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои интихобии вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, дохили мактабӣ, оммавӣ – солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1 722 725 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ, аз ҷумла 390881 нафар бонувон баргузор карда шуд.

Дар маҷмӯъ аз ҷониби Кумита дар нуҳ моҳи соли 2019, 23 456 адад чорабинӣ ташкил карда шуда, 4 165 134 нафар фаро гирифта шуданд.


14.10.2019 Нет комментариев