734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақши занон дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Дар қисмати мазкур аз ҷониби коршиносони соҳа масъалаи нақши занон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шунида мешавад.
 
Ёдовар бояд шуд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шудааст, ки ин барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминагузорӣ менамояд.
 
Дар қисмати мазкур Амонзода Ширин – муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, Раҳимзода Умед – Директори КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон”, Сангинзода Эмин Нуъмон – муовини аввали Вазири мењнат, муњоҷират ва шуѓли ањолии Ҷумњурии Тоҷикистон, Мукаррама Қаюмова –раиси Ассотсиатсияи њунармандони Тоҷикистон, Зулфия Бурҳон – Сардори Раёсати кор бо ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Обидов Фозил – Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Шарифзода Абдувалӣ – Директори “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Худоёрова Норинисо Директори пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент “Саразм”, Ҳайдарзода Нигора – муовини раиси шаҳри– Истаравшан, Зарнигори Сорбон – директори Маркази таълимии “Чароѓи Хидоят” Усмонова Қундузой – Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон “Бонувони Панҷ”, Юсупова Заррина ноиби ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Раҷабова Зарнигор – Директори КВД “Маркази фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо маърӯзаҳои илмию таҳлилӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.


10.10.2019 Нет комментариев