734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Санаи бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон маълум гардид

Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон 20 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. Дар ин даври мусобиқот дастаҳои футболи  «Кӯктош» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Истаравшан», «Панҷшер» бо  «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бо ҳам вомехӯранд. 

Бояд  хотирнишон кард, ки  бозиҳои даври ҳаждаҳуми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  моҳи октябр дар сатҳи  олӣ баргузор шуданд.  

Дар бозии марказии даври мусобиқоти мазкур дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе   дар майдони худ аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти чемпиони  Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад. Дар се бозии дигари даври ҳаждаҳум  дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1, ССКА «Помир»-и Душанбе дар сафар бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Дастаи «Истиқлол», ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, бори ҳаштум ба унвони чемпиони Тоҷикистон мушарраф шудааст, феълан дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ бо 45 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаи футболи «Хуҷанд» бо 32 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст. Ба хуҷандиҳо барои дарёфти медалҳои нуқра дар чаҳор бозии боқимонда се имтиёз ба даст овардан кофист. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Ба ҷуз футболбозони шаҳри Турсунзода дастаҳои «Хатлон», ССКА «Помир» ва «Истравшан» барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Дастаи «Кӯктош» ба ин минтақа ворид шуд.

Бинобар бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Япония дар мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад, дар мусобиқоти Лигаи олӣ танаффус эълон шудааст. То охири мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон се давр мондааст.

Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон  20   октябр баргузор мешаванд.

     Мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Парвиз Охунов, 59 (1:0). Юрий Захаркив, 66 (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+4 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 0:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 68 (0:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5 октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 27 (0:1). Шерзод Маҳаммадиев, 61 – аз пеналтӣ (0:2). Аҳтам Назаров, 72 – аз пеналтӣ (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 35 (1:0). Бахтовар Зокиров, 75 (2:0). Тулқинҷон Умаров, 84 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 66 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан.

Беҳтарин бозингари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

5 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 18 14 3 1 52-14 45
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 17 10 2 5 33-17 32
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 7 4 7 26-28 25
4 «Хатлон» (Бохтар) 18 6 5 7 24-24 23
5 ССКА «Помир» (Душанбе) 18 6 4 8 19-24 22
6 «Истаравшан» (Истаравшан) 17 6 3 8 17-24 21
7 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 18 5 5 8 24-32 20
8 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 18 3 2 13 13-45 11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 14 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.


10.10.2019 Нет комментариев