734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар

Дар сексияи Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар низ аз ҷониби коршиносони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, саҳми занону бонувони кишвар дар ин маврид шунида шуд.
 
Бешубҳа, имрӯз нақши бонувон дар рушди соҳибкорӣ назаррас арзёбӣ гардида, саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Бо роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони кишвар дар рушди соҳибкорӣ нақши назаррас дошта, онҳо дар тиҷоратҳои хурду бузурги кишвар саҳмгузор мебошанд.
 
Дар кори сексияи мазкур Ҷўразода Тоҷиддин – муовини вазири рушди иќтисод ва савдои Ҷумњурии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Рањимзода Шариф –раиси Кумита оид ба иќтисод ва молияи МНМОҶТ, Ҷонмамадзода Меҳринамо –муовини вазири молияи Чумњурии Тоҷикистон, Салимова Лола –муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Хайрзода Шукрулло – ректори Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тоҷикистон, Мутиева Саодат Ҷурахоновна – номзади илмҳои иқтисодӣ, Директори муассисаи давлатии “Пажӯишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, Нозимова Муҳаббат – аъзои Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, Уроқова Сурайё – Раиси Шӯрои занони соҳибкори назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рухшона Шобудинова – Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон “Мумтоз”, Қурбонов Сулаймон – Директори КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон” бо маърӯзаҳои таҳлилӣ ва илмӣ баромад намуданд.
 
 


10.10.2019 Нет комментариев