734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғалабаи Нилуфар Бобоёрова дар Чемпионати ҷаҳон

Варзишгари тоҷик Нилуфар Бобоёрова рӯзи душанбе бар Чаҳира Селмунаи алҷазоирӣ ғалаба карда, ба даври чаҳорякфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон баромад.

Рақобат бо ҳисоби 3 бар 2 ба нафъи муштзани тоҷик хотима ёфт.

«Мо пеш аз чемпионати ҷаҳон бисёр тамрин намудем. Ва хеле шодам, ки имрӯз ғалаба ба даст овардам. Ин бори аввал аст, ки дар чунин мусобиқа иштирок мекунам ва албатта, на ҳама корҳоям самарабахш буданд», — изҳори таассурот кард варзишгари тоҷик пас аз рақобат.

«Ташаккур ба мухлисон барои чунин дастгирии гарму самимӣ. Ман онро ҳис кардам ва кӯшиш намудам, ки бокси зебо нишон диҳам», — гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки бори аввал аст дар чемпионати ҷаҳон иштирок дорад ва кӯшиш менамояд медал ба даст орад.

Варзишгари дигари тоҷик Миҷгона Самадова низ намояндаи Кот-д’Ивуарро мағлуб намуда, ба даври ҳаштякфиналии мусобиқа баромад.

Дар даври чаҳорякфинал Нилуфар Бобоёрова 10 октябр бо намояндаи Россия, барандаи медали биринҷии чемпионати Аврупо дар соли 2018 Екатерина Динники 20-сола рақобат хоҳад кард. Динник дар даври ҳаштякфиналӣ дар вазни то 64 кг намояндаи Австралия Ҷессика Мессинаро мағлуб кард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 3-13 октябр дар шаҳри Улан-Удэи Федератсияи Россия баргузор мешавад. Мусобиқаҳо дар 10 вазн, аз ҷумла -48 кг, -51 кг, -54 кг, -57 кг, -60 кг, -64 кг, -69 кг, -75 кг, -81 кг ва +81 кг сурат мегиранд. Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон чаҳор варзишгар — Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Нилуфар Бобоёрова (-64 кг) ва Идимоҳ Холова (-69 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар чемпионати мазкур беш аз 300 нафар варзишгарон аз 75 кишвар ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон — 2012 Мавзуна Чориева роҳбарӣ мекунад.


10.10.2019 Нет комментариев