734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақши занон дар рушди илм ва инноватсия

 
Дар сексияи сеюми Форуми ҷумҳуриявии занониу ҷавондухтарон коршиносони соҳа ва олимону муҳаққиқон масъалаи “Нақши занон дар рушди илм ва инноватсия” -ро ҳам аз лиҳози илмӣ ва назарявӣ мавриди баррасии амиқ қарор дода, ихтирооту дастовардҳои занону бонувони кишварро дар ин давра барои бонувон назаррас арзёбӣ намуданд.
 
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи соҳаҳои гуногуни маориф ва рушди илму инноватсия дар кишвар фароҳам оварда шуда, занону бонувони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ихтирооту дастовардҳои зиёде ба даст овардаанд. Ёдовар бояд шуд, ки аз ҳисоби занон шумораи олимону ихтироъкорон дар кишвар афзоиш ёфта, дар самти илмҳои дақиқ ва инноватсия дастовардҳои занону бонувон назаррас арзёбӣ карда шуд.
Дар сексияи мазкур Хидирзода Махфират – муовини раиси вилояти Хатлон, профессор, Мамадҷонова Муњиба – профессори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва њуќуќи Академияи илмњои Ҷумњурии Тоҷикистон, Раҷабова Лутфия –раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарњанг ва сиёсати ҷавонон, Марҳабо Ҷабборӣ –профессори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Сайрам Бақозода–муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Ҳайдар – ректори Донишгоњи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Маҳинахон Сулейманова, сарвари иҷроия “Нексигол мушовир” ПРООН, Лола Насриддинова, директори ТҶ «ИРОДА» ПРООН, Мухторова Фараҳбону –н.и.ф, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Хушбахт Хочиев, рохбари барномаи рушди наврасон, ЮНИСЕФ, Шаҳлои Тоҳириён –сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яминзода Заррина – ҷоизадори ба номи И. Сомонӣ, Сайдамадова Д.Л. мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ гуманитарӣ, дотсент бо маърӯзаҳои таҳлилии хеш баромад намуданд.


10.10.2019 Нет комментариев