734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии занон баргузор гардид

Имрӯз дар толори китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии занон дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа” таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори Роҳбар” муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо доираи васеи ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва занони баруманди тоҷик баргузор мегардад.

Дар кори Форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул Саид, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Идигул Тағой, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нўъмон, Ҳамоҳангсози Барномаҳои СММ хонум Пратибха Мехта, муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумњурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳҳор, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, шахсони баруманди кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд ташкил ва баргузор гардида, дар баробари ин коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон, донишмандону шахсони рӯзгордида аз ҳисоби занону бонувон иштирок намуданд.
Дар кори Форум масъалаҳои марбут ба занон, гаравиши занону бонувон ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, масъалаҳои фаъолияти занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, сабабу омилҳои пешгирии занону бонувон аз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занон дар илм ва инноватсия, пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар миёни занон, нақши занон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба занону бонувон аз ҷониби коршиносони соҳа ва олимону муҳаққиқон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Форуми ҷумҳуриявии ҷавондухтарону занон дар доираи интихоб гардидани муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ҳайси сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори Роҳбар” роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баррасии ҳамаҷонибаи дастоварду мушкилоти занони ҷумҳурӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон занони тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гардида, дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону бонувони кишвар имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, мавқеи зан – Модар дар ҷомеа баланд бардошта шудааст.
Форуми мазкур аз ду қисмат иборат буда, нимаи дуюми рӯз кори форум дар ҳафт бахш идома карда истодааст.


09.10.2019 Нет комментариев