734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар идоракунии давлатӣ

Пас аз қисмати асосии Форуми ҷумҳуриявии занон дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа” кори он бо баррасии масъалаҳои гуногун дар сексияҳо идома намуд.

Дар сексияи 1. Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар идоракунии давлатӣ –масъалаҳои марбут ба фаъолияти занону бонувон дар идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаҳои марбут ба ин соҳа аз ҳисоби коршиносони соҳа аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳо ва ташкилотҳо мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, дар охир аз ҷониби иштирокчиёни сексияи мазкур қатънома қабул карда мешавад.

Дар қисмати мазкур Аюбӣ Бибиосия – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Миралиён Қиёмиддин – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухалил Ғафурзода – ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Шоҳона –сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон, Ғаффорзода Нигора – муовини раиси шаҳри Конибодом, Раҷабова Нурия –муовини раиси ноҳияи Файзобод, Абдусаломзода Анзурат – муовини раиси ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Ализода Лутфулло – мутахассиси пешбари Бахши кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонова Ҷамила–ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҳайдарӣ С.С. мудири кафедраи идоракунии захираҳоим инсонӣ, дотсент бо маърӯзаҳои таҳлилӣ баромад намуданд.


09.10.2019 Нет комментариев